Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
дар синни ҳафтод ҳамин хел овози зӯр дошта бошанд...
Барои миллат ин хел санъаткорон гавҳари ноёб...
Газик дар лаби ҳавзи гирдогирдаш бо бедҳои баланди серсоя иҳота ёфта истод. Мо аз мошин фуромада, ба саркор рӯ ба рӯ шудем.
Баъди вохӯрӣ ва ҳолпурсӣ раис ба ҷониби пахтазор ишора карда ба Маликшоҳ гуфт:
— Хӯш, ба гапам акнун тан додед ё не?
— Не, ҳаргиз розӣ нестам. Чӯҷаро дар тирамоҳ мешумуранд.
Баъд раис маънии ин гуфтугӯро ба ман фаҳмонд:
— Ин кас мегӯянд, ки ба замини регзор пахтаро қатор коштан нодуруст, 60 ба 60 коштан даркор. Ман гуфтам, ки не, замини регзор камбағал, ниҳоли пахта шох намезанад, қатор коридан даркор. Бигзор, ниҳол бисёр шавад. Не, ба гапи ман розӣ нашуданду шаст бар шаст кориданд. — Маълум буд, ки ҳоло раис маро ба ҳакамӣ даъват мекунад.
Ман аз сухан гуфтан худдорӣ кардаму бо назари савол ба саркор нигаристам. Аз нигоҳаш маълум буд, ки ӯ дар фикри худ устувор буда, ба ҳеҷ ваҷҳ пешниҳоди раисро қабул карданӣ нест.
— Шумо кори маро зидди агротехника мегӯеду, аммо ба пахта нигоҳ намекунед. Ана, бо бригадаи ҳамсоя муқоиса кунед, вай қатор корид. Рафта як бор бинед.
Ҳама гап равшан мешавад, ки ҳақ кӣ ноҳақ худаш аён аст, — гуфт Маликшоҳ бо табассум.
— Не, Маликшоҳ, ин тавр хулоса баровардан хато.
Бригадаи шумо — бригадаи пешқадам, ба ҳеҷ ваҷҳ онро бо як бригадаи миёнҳол муқоиса намекунем. Ҳосили шумо нисбат ба вай нағз, аммо агар бо маслиҳати мо кор мекардед, ҳосилатон боз бештар мешуд, — даъвои ӯро ботил кардан мехост раис.
— Пахтаи мо аз пахтаи ҳеҷ кас кам не.
— Се метри мураббаъ пахтазорро ҷудо карда кӯрак-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё