Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳама ҳайрон шуданд.
— Писари Азизмуҳаммад раис мешудаст? — ба гӯшаш бовар накарда такрор мепурсид мӯсафеди ҳанӯз бақуввате, ки лингаи орди аз магазин харидаашро оҳиста ба замин монда нафас рост мекард.
— Аз калонҳо чӣ дидем, ки акнун аз ин бача бинем, — бо тамасхур даст афшонд як нафар муаллими деҳа.
— Валло, рост мегӯед, — сухани ӯро қувват дод колхозчии дигар. — Вай ҳоло тамоман бача-ку! Аз даҳанаш бӯи шир меояде! Раисӣ ҳам бозӣ шуд!
— Хайр, ҳамон обрӯманду кордидаҳоро дидем. Инро ҳам як бор санҷем. Аҷаб не, ягон корнамоӣ кунад. Аз мо чӣ меравад?
— Аз мо чӣ меравад-а!.. — тамасхур кард яке.
Ҳамин тариқ аввалҳои соли 1962 ҷавони 29-сола Азизовро колхозчиёни “Комсомол” раиси хоҷагӣ интихоб карданд.
Албатта, аз рӯи одат “интихоб карданд” мегӯем, вале дар ягон колхоз раисро колхозчиён бо салоҳдиди худ, аз байни се-чор даъвогар интихоб намекунанд. Райком номзади ягон касро пешбарӣ мекунаду дар маҷлис ҳама чору ночор даст мебардоранд. Ҳаминро “интихоб” мегӯянд.
Колхози ақибмонда, қарздор, дар касса як тин пул надорад, дар анбораш донае ғалла надорад, мардум аз бебарории колхозашон ба кор дилсард — чунин буд вазъияти ҳақиқии онрӯзаи колхоз, ки Азизови ҷавон вазифаи раҳбарии онро ба зимма гирифт. Фурсати фикру ан-деша набуд. Колхозҳои ҳамсоя аллакай шудгорро тамом карда буданд, аммо дар баъзе қитъаҳои колхози “Комсомол” ҳанӯз ғӯзапоя нағундоштагӣ буд. Ӯ механизатор-ҳоро ҷамъ карда, каме ҳамсӯҳбат шуду ба сӯи район тохт. Ба чандин дар сар зада, аз фонди Комитети Иҷрои-яи район панҷсад сӯм пул қарз гирифт. Фармуд, ки ба он пул гӯшту равған харида, механизаторҳои ба кори шудгор банд бударо бо хӯроки гарм таъмин кунанд.

пешина
аз 393
навбатӣ