Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

донро аз босмачиён озод намуда, ба расида омадани ёрии зарурӣ нигарон шуд. Дар ин фурсат Раҳмонқул аз чор сӯ ба атрофи деҳаи Шаҳидон қӯшунҳояшро ҷамъ кардан гирифт. Қароргоҳи Раҳмонқул қишлоқи Ошоба буд, ки аз Шаҳидон чандон дур нест.
Барои бартараф намудани хатари иҳоташавӣ Пӯлод бо дасти худ ба деҳачаи Булоқ омада нақшаҳои Раҳмонқулро барбод додан хост. Раҳмонқулро аз Ошоба рондан лозим буд.
Дастаи Аскарони Сурх ва фидоиён бо сардории командири 30-сола Пӯлод Ниёз ба ҳуҷум даромаданд. Дар баландиҳои назди деҳаи Ошоба муҳорибаи шадиди нобаробаре сар шуд. Ҷанговарони Пӯлод ба урдуи душман мардонавор ҳамла оварда, ҷонфишонӣ мекарданд. Ҷанг зиёда аз се соат давом кард. Ба ёрии Раҳмонқул аз атроф қувваҳои илова омада ҳамроҳ шудан гирифтанд. Аз нобаробарии қувваҳо ва сахт захмдор шуда афтодани командири худ ҷанговарони Пӯлод магар рӯҳафтода шуданд, ки оҳиста-оҳиста пас гаштан гирифтанд. Пӯлод аз пояш сахт захмдор шуд. Рӯз бегоҳ мешуд. Ҷанговарони ӯ ҷангкунон хеле дур рафта буданд. Ӯ пойҳои захмнокашро кашолакунон хазида-хазида худро аз чашми душман ба каноре гирифт. Шабона Пӯлоди маҷрӯҳ бо азобе худро ба бинои масҷиди кӯҳнае, ки дар як канори деҳа буд, расонд. Масҷиде, ки ӯ муқобили он буд, барояш охирин сарпаноҳ гашт. Куртаашро дарронда ҷароҳаташро баст. Аз шиддати дард ва хунравии бисёр сараш чарх мезад. Дандонҳояшро сахт мефишурду ба дард тоб меовард. Баногоҳ нолаашро касе шунида наояд. Тамоми шабро ӯ ба ҳамин минвол гузаронд. Саҳаргоҳон Пӯлоди аз дард ва кӯфтагии дирӯза беҳолу бемадор чашмаш ғанаб бурда монданашро нафаҳмида монд...
Ба ин гӯшаи масҷиди кӯҳна, ки замоне вазифаи таҳоратгоҳро адо мекард, касе қадам намемонд. Аммо нолаи хоболуди ӯро касе шунида монд ва ба умеди мукофоте хабари аскари сурхи маҷрӯҳро дарҳол ба Раҳмонқул расонд.

пешина
аз 393
навбатӣ