Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ин хабар аз даҳон ба даҳон гузашта дар як-ду рӯз то ба кулбаҳои дурдасттарини ин кӯҳистон рафта расид.
Қишлоқи Понғоз ҳам ба волости Бободархон дохил мешуд. Муҳокимаҳо, тахмину гумонҳо ва оқибат кашмакашҳои зиёд ҳам хотима ёфтанд. Сад хонадони бенаво дар ин водӣ бесаробон монданд.
Дар қатори ин сад нафар аз оилаи Ниёз Махдуми Сарҷинчӣ пуштибон ва дасти гиреҳкушои хонадон Пӯлод ҳам ночор ба мардикорӣ рафт.
Солҳои мардикорӣ барои Пӯлоди ҷавон солҳои мактаби ҳақиқӣ, солҳои худшиносию бедорӣ буд. Гӯё чашми хоболуди ӯ бедор шуд. Хоҳ дар заводу фабрика кор мекард, хоҳ дар сохтмони роҳи оҳан, хоҳ дар вокзалҳои пурошӯб борбардорӣ дошт, — дар ҳама ҷо ӯ бенавоиро медид. Барои нодорон дар ҳама ҷо як сангу як тарозу, дар ҳама ҷо болои сар осмони баланду зери по замини сахт буд.
Ӯ аз мардикорӣ бо дасти холӣ, вале дили пурумед баргашт. Мегӯянд, ки дастшикаста кор мекунанду дилшикаста не... Пӯлод аз Понғоз бо дили шикаста рафта буд. Аммо дар кишварҳои дур дӯстоне ёфт, ки дили шикастаи ӯро бардоштанд, рӯҳи тӯфонпарвару табъи исёнкори дар сиришти ӯ хобидаро бедор карданд. Ӯ дӯст кист, душман кист акнун хуб мешинохт.
— Пойлучон аз паи урусҳо парида ҳукумат карданӣ
— мегуфтанд давлатмандон.
Пӯлод Ниёзов баъди аз мардикорӣ баргаштан дар зодгоҳи худ монда натавонист. Аз ҳодисаҳои бузурги давр канор будан, дар он ҷое, ки ӯ зарур аст, ҳозир нагаштан ба мақсаду мароми ӯ мухолиф буданд.
Шайдону Понғоз то Ошӯбаву Ашт — ҳама қароргоҳи босмачиён гардид. Аслан, инҳо ҳам ватанпараст буданд, дар ҳимояи мулку мазҳаби худ талош мекарданд.
Пӯлод акнун бо назари муздурони Россия дӯсту душмани худро фарқ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё