Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
САБАҚИ УСТОД
Ғолибан охирҳои соли 1971 буд, ман устод Улуғзодаро ба тамошои як филми эронӣ ташвиқ кардам. Чун ба даричаи билетфурӯшии кинохонаи “Ватан” наздик расидам, устод ба ман имкон надоданд, ки билет бихарам.
Дар он айём, баъди дар хориҷа мондани нури чашмашон
— Азиз китобҳои устодро интишор намекарданд ва зиндагиашон ба сахтӣ мегузашт. Ин ҳолро пеши назар оварда гуфтам, ки “ҳиммати олӣ бо кисаи холӣ дардест...” Устод дар ҷавоб фавран гуфтанд:
— Ки ба ин дард гирифтор нагардад кофар...
Сипас дардолуда хандиданду афзуданд:
— Аз ҳама маҳрум гашта бошам ҳам, ҳимматам мондаст, мулло Баҳром.
...Дар назари ман чунин мерасад, ки симои устод Улуғзода, монанди ҳар як адиби асил дар осори эшон аксандоз аст. Балки симои пурихтилофи миллати тоҷик дар нисбати осори дигар адибон бештар дар қиссаҳои устод Улуғзода ба тасвир омадааст. Дар воқеъ, шахсияти ин суханвари заковатманд тиккае аз қисмати талхи мардуми тоҷик аст.
Ман осори устодро мутолаа мекунаму мебинам, ки зиндагиро ба торикию равшанӣ қисмат намекунанд ва ба ду ранг — сафеду сиёҳ тақсим намудани рӯзгорро ҳаргиз ба худ муносиб надидаанд, зеро зиндагии воқеӣ ба ҳазору як ранг ҷилва мекунад.
Сабақи дигаре, ки ман аз мутолааи осори устод бардоштаам ин аст, ки ононе, ки кӯҳнакӯранд, ҳаргиз тирачашмии худро намедонанд ва бечоратарини ғуломон худро озоду сарфароз мешуморанд. Аз ин лиҳоз ман барои худ хулосаҳо кардаам, ки ба ғуломи давру замон, ба бандагии вазифаву имтиёзҳои ночиз, ба асорати расму анъанаҳо гардан ниҳодани инсон аз ғуломии пой дар занҷир камтар тафовут мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё