Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
таҷрибаи тарҷумонӣ доштанд, басо нуқтаҳои борики он осорро ба ман мекушоданд...
Азбаски наср бештар ба ниёзҳои ботини инсонҳо ҷавоб медод ва дар адабиёти мардуми ҷаҳон рукни асосӣ буд, пайваста маро ба худ мекашид. Чанд ҳикоя навишта интишор намудам, устодон ва дӯстон ба навиштан ташвиқ карданд. Қиссаи “Рухсора”-ро навиштам. Дар нашрияҳои адабӣ вазъият тавре буд, ки агар аз раҳбарони Иттифоқи нависандагон ва ё дар шахси сармуҳаррир ё котиби масъул ҳомие надоред, нашри қиссаю достон бар ин осори калонҳақм хеле ба сахтӣ даст медод. Азбаски ман дар кашокаши аксари ин тоифа бетараф, ба сари худ ва дар роҳи худ мустақим будам, рӯзе аз рӯзҳо чи шуду ҳар ду сардори пурихтилофи мо муваққатан созиш карданд ва баробар ба ман дарафтоданд. Умри азизро бо машмашаи он ду гузарондан аз ақлу тадбир набуд, бинобар он, ба норозигии устод Турсунзода нигоҳ накарда ман аз кор рафтам.
Сармуҳарриру ҷонишини ӯ густохии маро фаромӯш накарда буданд, бинобар он, ба эътирози баъзе аз аъзои ҳайати таҳририя гӯш надода қиссаи “Рухсора”-ро рад карданд. Айёми рукуд ба сарварон имкон ва майдони фарох дода буд. Ёд дорам, дар ҳамон айём мунаққид Муҳаммадҷон Шукуров хитобан ба раҳбарони маҷалла гуфта буданд: “Ба адибони ҷавон чунин муомала хуб нест. Повестро чоп кардан лозим...” Аммо чумча ба дасти бибикалон буд. Арзу додхоҳии ман ҳеҷ суд накард.
Бо маслиҳати акаи Ҷумъа ва дилбардории ӯ ман қиссаро дар ҷузъбанде баста партофтаму ба навиштани қиссаву ҳикоёти нав шурӯъ кардам.
Аз миён соле гузашт ё бештар, рӯзе дар як маҷлиси Президиуми ИН ҳузур доштам. Адибе ба навиштаҳои котиби масъули маҷалла эродгирӣ карду калимаи “зинсавор”-ро хато ва нодуруст гуфт. Ман аз рӯи одатам хомӯш нишастан натавонистаму гуфтам:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё