Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Миёни ману ӯ суханони пасту баланд радду бадал мегашт. Рӯзе дар идора Ҷумъаи Одина бо кадоме аз адибон машғули шоҳмотбозӣ буд. Сармуҳаррир баъди гуфтугузоре чанд бо тантана эълон кард, ки ҳоло дар ҳаққи ман санаде пайдо кардааст ва пагоҳ - фардо- аз ин ваҷҳ маро аз кор хоҳад ронд. Ин даъвиро ман аз забони ӯ чандин бор дар ҳама ҷо — ҳатто дар тӯю азои мардум ҳам шунида одат карда бошам ҳам, ин бор хомӯш, намондам.
Акаи Ҷумъа, ки адиби ҳақгӯю ҳақшинос ва ҷавонмарди ҳақиқатшиоре буд, рӯ ба сармуҳарир оварда гуфт:
— Бас кунед-е! Шарм намедоред? Ҳамин ҳам гап шуд!..
Баъди аз хона берун рафтани сармуҳаррири мо ӯ дар даст мӯҳрае аз тахтаи шоҳмот чашм наканда ба ман хитобан афзуд:
— Мегӯяд-дия, лаққӣ, ба дил нагиред, мулло Баҳром... Кӯфтам!..
Сухани дилписанди ӯ ҳангоми шоҳмот ҳамин “кӯфтам!” буд. Агар бозиро аз ҳарифаш мебурд, ҳар касеро дучор кунад, ба шодмонӣ гӯё муждагонӣ мегирифт:
“Кӯфтам!” Агар ягон мӯҳраи ҳарифашро задан хоҳад ҳам, бо шавқи беҳудуд “Кӯфтам” мегуфт. Баъзан андешаманд гӯё аз ин густохии худ дар хиҷолат бошад, иброз мекард: “Ҷумъаю Одина дар маънӣ як аст...” Ҳоло ин мисраъи ӯро андешида ба худ иқрор мекунам, ки зоҳиру ботини ин марди наҷиб дар воқеъ якранг буд.
Охири солҳои шастум, ибтидои солҳои ҳафтодум ман он кӯтоҳеро, ки дар таълимам гузашта буд, ҳаддалимкон зудтар ба бартараф кардан шурӯъ карда будам — шабу рӯз насри асри нуздаҳ ва бистуми Аврупоро мутолиа доштам. Бо маслиҳати акаи Ҷумъабой осори ҳар як адибро батафсил мутолаа мекардам. Балзак, Диккенс, Тургенев, Достоевский... Дар ин ҷода акаи Ҷумъабой яке аз раҳнамоёни ман буданд. Ӯ аз осори адабии ҷаҳон хеле хуб хабардор буд ва мо дар сари баъзе аз китобҳо соатҳои дароз муҳокимаронӣ доштем. Акаи Ҷумъа, ки

пешина
аз 393
навбатӣ