Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ШУҶОАТИ АДАБӢ
(Ҷавоб ба саволҳои мухбири радиои Тоҷикистон
Нуралӣ Сафар)
Савол: Нахустсаволи ҳар як китобхон ба шумо, Баҳром-ако, — чи гуна ба арсаи адабиёт омадед?
Ҷавоб: Сараввал, дар овони донишҷӯиам шеър мегуфтам. Боре як-ду шеърамро ба устоди шодравон Раҳим Ҷалил бурдам ва пурсидам, ки ҳунаре дорам ё не. Устод гуфтанд, ки “ту шоири тайёрӣ, дар куҷо бедарак мегардӣ?” Сонитар устод Боқӣ Раҳимзода низ ин маъниро гӯшзад карданду ман домани ин шуғлро сахт гирифтам.
Ба фикрам, адабиётро шуғли худ интихоб кардани мо хатост, боист, ки адабиёт моро ба шогирдӣ интихоб намояд.
Сарфарозам, аз он, ки китоби нахустини шеърам бо тавсияи устоди шодравон Мирзо Турсунзода ба нашр рафт.
Савол: Сипас, чигуна ба насрнависӣ гузаштед?
Ҷавоб: Баъдтар, ҳамчун узви Иттиҳодияи адибони СССР бо удабо ва уламои кишварҳои дуру наздик ошноӣ доштам ва дар мусофиратҳо будам ва пай бурдам, ки дар таълими мо — адибони тоҷик як нуқси азиме гузашта — адабиёти ҷаҳон ва хоса адабиёти Аврупоро наомӯхтаем.
Ман ба ислоҳи ин нуқсон шурӯъ кардам ва аз осори мансури адибони олам ончунон таъсир бардоштам, ки дар назарам шеъргӯӣ дар нисбати наср шуғли саҳле намуд...
Ҳикояи нахустинамро Фазлиддин Муҳаммадиев дар мусаввада хонда маро ба тариқи зайл табрик гуфтанд:
— Хеле хурсандам, ки як нафар шоирро ба арсаи наср кашида гирифтем...
Баъди нашри он ҳикоя дар маҷаллаи “Садои Шарқ” устодон Мирсаид Миршакар ва Мирзо Турсунзода ба як овоз гуфтандам:
— Баҳром, ҳикояатро хондем. Нағз. Шеърат хуб аст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё