Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тамаъе бошад. Сафедро сафед гуфтан агар гуноҳ бошад, ин аломати билкул хароб гаштани маънавиёти мост.
Ман бо ҳарфи ҳамқаламон ангушт намемонам аз каломи онон нуқс ҷустанро ҳаргиз кори ба худ муносиб намедонам. Фақат он гоҳе ки адиб ҳадди худро намешиносад, садои эътироз мебарорам, ки аз ин боист, ки дӯстон наранҷанд. Вагарна ҳар худписанде санги ман сад ман гӯён ҳарзаталошиҳо хоҳад кард.
Ҳама огоҳӣ доранд, ки дар адабиёти мо савдогарони хуфиякор ҳам, даллолони беинсоф ҳам кам нестанд. Бо чи ҳилаву тазвирҳо ҷоизаҳо мегиранд, бо чи усул китобҳои камарзиши худро дар Маскав интишор мекунанд, ҳама медонед.
Умуман, сафрои сӯхтаи худро ба рӯи ҳамқаламон пошидан аз ақлу тадбир нест. Боист, ки ҷавонмардона бо далелҳо нуқсони якдигариро гӯем.
Сорбон мунаққиди ҷавон ва хеле умедбахш Маъруф Раҷабовро “ба ном мунаққид” гӯён таҳқир кардан хост.
Агар Маъруф дар ин маҳфил ҳозир мебуд, метавонист моҷаро кунад ё носазо гӯяд. Ин аллакай гуфтугузори адабӣ нахоҳад буд.
Ба фикрам, агар Сорбон ба эродҳо розӣ набошад, мебоист, ки бо санаду далел онҳоро рад мекард. Дар назар чунин меояд, ки вай ҳанӯз ҳам вазъи кори худро ба дурустӣ идрок накардааст ва ба гумонам идрок кардан ҳам намехоҳад. Ӯ гумон мебарад, ки мо ба ӯ хусумате дорем, аз ин сабаб нуқсони ӯро мегӯем. Ин дарди нохушест, ки дар ин синн илоҷ кардани он хеле мушкил аст.

1988

пешина
аз 393
навбатӣ