Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
нишонае аз фикри хому сухани нотарошида аст. Дуруст аст, ки баъзе адибон ба ҳусни калом ва рабти сухан зиёда эътибор намекунанду бештар аз паи маънӣ мешаванд.
Аммо ҳар адибе, ки ба ин минвол мақола иншо мекунад, мебоист, ки аз рӯи инсоф чунин даъворо ба худ раво намедид: “…имрӯз аксарият дар забон дасти қавӣ, мантиқи устувор надоранд”.
Маро аз ӯ пурсише дар нӯги забон аст: магар ҳикояву повест ва романи ӯ бо сабки дигар, дониш ва завқи дигаргуне иншо ёфтаанд?
Даъвоҳои ӯ ба шахси адибе чун Сорбон ҳеҷ намезебад. Ба ин ҷумлаҳои ӯ боре мулоҳаза фармоед:
“Бурду бохт, барору нобарории нависандаро беҳтар аз худаш касе намедонад”.
“Гилаи ман аз танқиди адабист, ки дар бораи насри “андеша” навишта, беандешагӣ зоҳир мекунем”. (Номувофиқатии мубтадо ва хабар саҳви ин банда не Б.Ф.) “Агар чунин марди поктинат қувваи мубориза медошт, аз корзор барнамегашт!” (Қаҳрамони асари худ — Шайдоро дар назар дорад Б.Ф.) “Агар навиштан ҳаққи қалам надошт, аз сад нафар узви Иттифоқи нависандагон ду ё се нафар менавишт ва шояд хубтар менавишт”.
“Боре Отахон Латифӣ занг зада гуфт, ки “Актёр” аз асарҳои дигарат панҷ зина боло меистад ва баъди ин ман нигарон шудам, ки мунаққидон ақаллан як зинаи онро мебинанд…” Роҷеъ ба андешаҳои ӯ аз боби эҷоди Саттор Турсун ҳамин қадар гуфтан мехоҳам, ки Сорбон даъвии худро бо санади қотеъ собит накардаст. Суханони тунду заҳрогини ӯро ҳанӯз далелҳои пеш овардааш боварибахш тақвият намекунанд. Ривоятҳое, ки Сорбон онҳоро монанд кардааст, бештар тақлид ва пайравиро мемонанд. Балки он осорро дақиқтар муқоиса кардан лозим аст. Ба ғайр аз ин, ин чунин наздикӣ дар ривоятҳои лафзии мардумони ҳамсоязамин дар назар мерасад. Барои ба дуздӣ мут

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё