Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҷавонро чашмдор бошанд.
Дар ҳар ҳолате имрӯз ба устоди мӯътабар Муҳаммадҷон Шукуров хурдагирии Сорбон баробари ба рӯи осмон туф кардан аст, ки ба сари худи кас боз фарояд.
Охир, Шукуров ҳақиқати ҳолро хеле ғамхорона, дар ғояти масъулиятмандӣ дар назди фардои адабиёт гуфтаанду бас. Сорбонро як замоне барои камтарин комёбиаш маҳз М.Шукуров таҳсинҳо карда буданд. Боист, ки ӯ навиштаҳояшро як бори дигар хонда фикр мекард.
Аслан хонандаи хушсалиқа аз мутолиаи ҳамин ҷавобҳои ба саволҳои маҷалла навиштаи Сорбон низ возеҳ пай мебарад, ки дар касби нависандагӣ чандон маҳорати баланд пайдо накардааст. Навиштаҳояш носуфтаву нотарошидаанд. Охир аз аҳли маънӣ пӯшида нест, ки агар дар сиришти кас истеъдоде ҳаст, ӯ дар муддати на чандон зиёде дар касби худ маҳорати комил ҳосил мекунад ва дар шуғли пеша кардааш ба ҳадди устодӣ мерасад.
Чун санад бар даъвии худ дар ин ҷо бандеро аз мақолаи Сорбон бидуни интихоб (мақолаи ӯ аксаран аз чунин ҷумлаҳо ва бандҳо иборатанд) нақл мекунам:
“Дигар, органҳои(?) дахлдор — аз Иттифоқи нависандагон то шӯъбаҳои ба адабиёт мансуббудаи Комитети Марказии Республика(?), ки бевосита як масъаларо ҳал карда натавониста ва ё аз тарс(?) ба якдигар ҳавола мекунанд ва роҳи беҳтаринро боздоштан(?) медонанд, аммо ба тақдири нависанда кор надоранд. Ва баръакс — асарҳое аз ҷониби онҳо дастгирӣ карда мешаванд, ки қадру қимати бадеӣ надоранд, бо туфайле(?), воситае, рӯи хотире ба онҳо дастрас шудаанд(?) ва ё донистаанд, ки дар кадом гӯшаи иншооте, аз хусуси кадом комплекс, ё саргузашти кадом марди “обрӯманд”(?) ва ё “қаҳрамонзан”(?) навишта шудааст ва ба фалон қарор дархӯрд(?)”.
Ман ба мазмуни матлаби ин ҷумлаҳо эроде надорам. Аммо тарзи баёнро нигаред. Дар ин порча ба ғалатҳои аломати китобат савол наниҳодаам, кулли ин саволҳо ишорае ба хатоҳои услубӣ, грамматикӣ, мантиқӣ,

пешина
аз 393
навбатӣ