Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

фитрӣ чанд калима ронда, аз хусуси Лейкин ном ҳамзамони Чехов изҳори андеша карда будам. Ин марди адибтарош агарчи дар асри худ бештар аз ду ҳазор ҳикоя навишта интишор кардааст, ӯро ҳамчун адиб камтар касон ёд доранд. Сабаби ин ҳол чи бошад? Лейкин шахси равшанфикр, маърифатшинос, сухандон аст, дар ҳикояҳои ӯ гӯё ҳеҷ норасоие нест, аммо бо шавқи дил мутолиа кардан наметавонед.
Дар асарҳои баъзе аз адибони мо на фикри ба навиштан арзандае, на донишу маърифат ва мушоҳадаи борике, на каломи фасеҳу беғаш, ҳатто фаросати башарӣ ва саводи маъмули умумро намебинед. Ба гумони ман, ба ин ҳама дӯлобиҳо дар адабиёт бештар аз ҳама танқиди адабиро гунаҳкор кардан ҷоиз аст. Каҷ дору марези танқиди адабӣ боис аст, ки ҳоло нағзу бад баробар гаштаст ва на фақат адибони мансабдор, балки адибони қаторӣ ҳам ба танқиди ҳаққонӣ тан намедиҳанд, ба ҳар васила худро сафед кардан мехоҳанд.
Гилагузорӣ аз танқиди адабии имрӯз аз он ваҷҳ ҷоиз аст, ки аксари мунаққидони мо ҳанӯз ҳам осори ҳунар ва беҳунарӣ, зебо ва зишт, ҳақиқат ва дурӯғ, ҳамдиёрбозию гурӯҳбандӣ ва хидмати ҳалолу бетамаъро дар адабиёт камтар тафовут мекунанд. Аз ин сабаб китобхонон ба қавли бисёр мунаққидон эътимод надоранд, ба баҳои онон бовар намекунанд. Дар исботи ин даъво метавон мисоли фаровон овард.
Шояд ба ман эътироз кунанд, ки адиби беҳунар азбаски беҳунарии худро нек медонад, ҳароина ба танқид тан намедиҳад, зеро аз сари дастархони адабиёт дур будан намехоҳад. Аҷаб не, ин фикр ҷон дошта бошад, вале танқиди ҷиддӣ ва ҳаққонӣ дӯсту ёвари сахтгири адиби ҳунарвар аст.
Дар сари иншои ин андешаҳо ҷавоби Сорбонро ба саволҳои маҷаллаи “Садои Шарқ” (№7, 1987) дучор кардам. Мутолиаи он барои ҳар як шахси андаке суханши-

пешина
аз 393
навбатӣ