Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боре дар ноҳия яке аз раҳбарон дар ҷавоби гилагузории ман аз ин бобат бигуфт:
— Ба мо аз китобхонӣ ҳам муҳимтар корҳо ҳаст!
Программаи озуқа худ аз худ буд намешавад. Аввал нон, баъд — суруд!
Ин марди хомандеш бо ҳамин суханони обшуста худро ва тоифаи зиёинамои хеле каммаърифати ноҳияро сафед мекард. Вай бовар надошт, ки агар як соли расо дари идораи ӯро билкулл банданд ҳам, деҳкон киштукор мекунаду ҳосил мебардорад, чорводор чорвояшро саришта медорад, бофанда газворашро мебофад.
Агар маро имконият даст медод, барои рӯзнома ва ё маҷаллае аз боби чӣ китобҳоро мутолиа кардани раҳбарон ва ходимони идораҳои ноҳияҳо мақолаи муколамавие мураттаб месохтам. Маърифати мардуми ноҳияҳо ба китобхонии ин зумра касон вобаста аст. Барои чунин мақола камаш бист рӯз фурсат лозим аст. Ҳол он ки ягон нашрияе барои он мақола ба ман имкони сафар ва беш аз 60-70 сӯм музди қалам намедиҳад. Адибро ҳам таъмини рӯзгор зарур аст. Аз ин аст, ки пропагандаи мо баъзан мурғи нимбисмили пару по кандаро ҷудо мемонад.
Биёем ба сари сабабҳои халалгори наср. Маро ду повест ва даҳҳо ҳикоёти алҳол номатбӯъ ҳаст. Магар дар идораи ягон нашрияи мо аз асари нав пешниҳод кардани ман хушнуд хоҳанд буд? Ҳаргиз. Агар ба рӯям намегӯянд, аз пасам хоҳанд гуфт: “агар ин матои худро намеовард моли фалону фалон ҳамдиёрамонро зудтар ба нашр мефиристодам ва дар ҷавоби хӯрдагирон мегуфтам, ки чиро нашр кунам, ки ҳеҷ чизе дуруст нест”.
Ҳавасманд набудани рӯзномаю маҷаллаҳо ва чопи наср, камшумори адади нашри китоб дар нашриёт сабабҳои асосии халаловари равнақи насранд. Адибон аз касодии бозор ҷои он, ки ҳикояву қиссаҳо бинависанд, бо тарҷума ва журналистика машғулӣ доранд.

пешина
аз 393
навбатӣ