Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аксар хонандагон савол мекунанд, ки сабаби танқиси китоб дар чист? Ҳар кас ҳар хел ҷавоб медиҳад. Гурӯҳе истеҳсолотро сабаб меоранд, ки дар ҳақиқат кораш пешрав нест, баъзеҳо қоғаз намерасад мегӯянд, тоифаи дигар адибонро гунаҳкор медонанд. Матбаа ҳоло ба талаб ҷавоб намедиҳад, аз ин рӯ китобҳои сари вақт ба чоп имзо шудагӣ муддатҳо ба табъ намерасанд, дар плани нашриёт аз сол ба сол мегузаранд. Вале қоғаз надорем гуфтан ба фикри ман чандон дуруст нест. Ҳоло ҳар як нашриёт барои ба сомон овардани хароҷоти худ як-ду китоби серхаридорро ба забони русӣ бо тиражи калон чоп мекунад. Масалан, нашриёти “Маориф” соли 1979 китоби Фенимор Купер “Охирин аз Магикан”-ро чоп кард. Агар барои сомони хароҷоти молиявӣ нашриёт ба чопи ин китоб эҳтиёҷманд намебуд, дар ивази он, яъне ба қоғази ин китоби даромадовар қариб панҷоҳ номгӯй китоби бачагона чоп мекард ва ҳар яке ба ҳисоби миёна 6- ҷузъӣ! Ин адад аз шумораи тамоми китобҳои дар як сол барои бачаҳо нашр мекардагии нашриёт афзунтар аст.
Барои афзудани адади нашри китобҳо ва бо китобҳои даркорӣ таъмин намудани бачаҳо имкониятҳои дигар низ ҳастанд, ки онҳоро ба кор андохтан манфиати зиёде меоварад. Чаро дар дӯконҳо баъзе китобҳои бехаридор мондаанду баъзе китобҳоро дастрас кардан душвор аст?
Чаро адади нашри китобҳои серхаридор ва камхаридор то ҳол, асосан баробар аст?! Комиссияи таъини адади нашр дар назди Комитети Давлатии РСС Тоҷикистон оид ба корҳои матбуот, полиграфия ва савдои китоб мебояд ба ин ҷиҳати масъала ҷиддан эътибор дихад. Зеро дар мо умуман китоб танқис нест, балки китоби хуб танқис аст.
Ба ғайр аз ин, барои бачаҳо дар республика нашри китобҳои рангаю офсетиро қатъиян зиёд кардан зарур аст. Дар ин бобат низ мебояд саъю кӯшиши зиёде ба кор барем.

пешина
аз 393
навбатӣ