Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сафарбек бо як даст гиребонашро дошта, дасти дигар аз чанбар сар надода, тавбакунон мошин меронд. Фикру ёди ў акнун бештар ба мошин банд буд. Онро хеле нарму мулоим ҳай мекард, ки мабодо ба ягон чуқурӣ, ё санге назанад, зарбе нахўрад, тагаш харош наёбад. Ана ҳамин тавр, ин ҷонвари безабонро эҳтиёт бояд кард! Дар зиндагӣ, дар каму кости рўзгор бисёр кор меояд…
Ў ғарқи андешаҳо чанд гардишу кўталу нишебро тай карда, ба роҳи танге расид, ки фақат як мошин меғунҷид. Аз он тарафи раҳ, дар самти муқобил «Некси»-и қаҳваранг намудор шуд. Аз рўи қоидаи ҳаракат мебоист Сафарбек ўро раҳ медод. Зеро «Некси» ба кўтал мебаромад. Аммо Сафарбек дидаву дониста, қасдан қойидаро вайрон кард. Суръати «Нива»-ро сар надод, балки саросема, тезтар ҳай кард. Ҳар ду мошин баробар ба роҳи танг даромаданд.
Сафарбек бо як дидан мошини муқобилро шинохта буд. Агар истода, гузаштани онро интизорӣ мекашид, яқин Аскар бедор мешуд ва мепурсид: «Чаро истодӣ?»
Ва мошини Ҳоҷӣ Камолро дида, мефаромад албатта.
Он гоҳ оқибати кор мисли шохчанги ду бузе мешуд, ки дар болои кўпрўк рў ба рў омадаанд…
«Нива» қадам ба қадам пеш мерафту «Некси» ҳам, аз афташ, нияти гузашт кардан надошт. Ҳар қадар Ҳоҷӣ Камол қайсарона мошин ронда, наздик меомад, ҳамон қадар Сафарбек бетоқат мешуд, қаҳру ғазабаш боло мегирифт. Вай хост сигнал диҳад, аммо аз райъаш гашт, наметавонист-Аскар бедор мешавад. Ба зудӣ чароғҳои мошинашро даргиронд, беист чароғҳоро куштаву даргиронда ишора мекард, ки қафо гардад, ё мошинашро бероҳа карда истад! Не, ба кӣ мегўӣ! Ҳоҷӣ Камол аз якравиаш намемонд, ҳамоно мошинро босуръат ронда пеш меомад. Вай аллакай аз нисф зиёди роҳи тангро тай карда буд. Сафарбек бошад, акнун ба сеяки раҳ расидааст. «Хайр, чӣ илоҷ! Ақиб бояд гашт!
Охир, ҳарчи ҳам набошад, роҳи вай аст. Бо як каси шумрў сар ба сар шудан нашояд!...»

пешина
аз 208
навбатӣ