Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Аскарҷон, биё маслиҳат бикунем… Аздусар ўро дар ин деҳа намеёбӣ. Камол ҳамдеҳаи ту бошад ҳам, вайро ман аз ту нағзтар медонам. Мисли ман дар як ҷо қарор намегирад. Шояд ҳоло ба шаҳр рафтааст…
-- Бало ба пасаш, ба куҷо, ба кадом гўру лаҳад рафта бошад!—эътироз кард Аскар.-Апайи Гавҳар дар ҳамин ҷо-ку! Ман ба вай кор дорам.
Инро гуфту пой аз мошин берун ниҳод.
-- Бо Гавҳар гапи ту намепазад, Аскарҷон. Худат медонӣ-ку, одаме, ки аз кори вазнин шалпару лакот шудааст, бо кас хуши гап задан надорад, балки шояд дар ин лаҳзаҳо аз ту дида бадҷаҳлтар бошад Гавҳар.
-- Ман аз ин занаки бечора хафа нестам! –ҳамоно тунд посух дод Аскар.-Ҳама қаҳру ғазаби ман ба сари ана он пирхари ҳамдеҳаам аст! Медонӣ?! Фақат, ба апайи Гавҳар як даҳан гап мегўям, ки беҳуда аз ман наранҷад. Ҳамааш ба касофатии Камоли гўрсўхта.
Агар хатое аз ман гузашта бошад, аз апайи Гавҳар узр мепурсам. Тамом…
Ҳоҷӣ Сафарбек бо илтиҷо гардан каҷ кард:
-- Гапи маро мегирӣ, Аскарҷон? Дўст шуда-а?
Аскар аз ин суханон дар як дам тағйир ёфт. Нарму мулоим шуд.
-- Чӣ, мегўӣ, бо вай гап задан фоида надорад? Яъне, ба зан гап гузаронидан мушкил аст, мегўӣ? Фаҳмо…
Ақидаи шумо, ҳоҷиён, дар бораи Занон-Модарони бечора ҳама як аст! Ба онҳо бовар надоред! Ё ғалат гуфтам? А?! Ҳеъ, Ҳоҷӣ-е! Хайр, ҳай бикун!
Лабони Сафарбек ғарқи табассум шуд. Вай акнун мошинро оҳиста-бешитоб меронд; ин саманди сапеди хушнамудашро, ки барояш дар рўзғор хизматҳои зиёде кардааст, озор намедод. Аз рўзе, ки бо миёнаравии яке аз роҳбарони баландмақоми ҷумҳурӣ- эътиқодманди дини мубини ислом соҳиби даҳ гектар замини талу пуштаҳо шуд, ҳамин мошинро харид. Дар таку дави ҳуҷҷатгузорӣ барои замин, дар роҳи Дара-Варзоб, Варзобу Душанбе, деҳаи Дара-Душанбе ҳамин мошин хизматгори беминнаташ шуд.

пешина
аз 208
навбатӣ