Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Э, чӣ дўғ мезанед?!—беихтиёр аз даҳони ў баромад ин суханон, ки оҳанги таҳдиду нафрат доштанд.
-- Ту, бачаи маълим, бояд ба дигарон одоб ёд диҳӣ!- кафки даҳонашро ҳар сў парронда овоз баланд кард Камол.—Исқотӣ падарат ба ту фаросати хўрок хўрданро наомўхтааст-чӣ?!
Бори нахуст буд, ки аз даҳони нафаре дар ҳақи падараш чунин гапи дуруштро мешунид Аскар. Ҳама бо падари ў даст пеши бар гирифта, салом медод, ҳатто ҳамин бригадири ношуд-Камол ҳам. Ҳоло бошад, «исқотӣ» гуфта, падари ў-муаллими худро таҳқир кард.
-- Э, исқотӣ худи ту! Одами зиёдатӣ, ба ҷамъият нодаркор худи ту ҳастӣ!».
Аскар инро гуфта, найи борику дарози дорупошакро ба даст гирифту ҷумакашро тоб дод. Якбора фаввораи он моеи заҳрнок фиххосзанон берун ҷаҳида, ба сару рўи бригадир пош хўрд. Дар як дам рўю мўю чашму бинӣ, қади дарози бесулуқайи бригадир аз дору шипшилта шуданд. Камол «воҳ!» гуфту панҷа ба рўяш кашид ва дод зада, ба сўи ҷўйбори қади раҳ давид.
Ҷонҳавлона худро дар қади ҷўй партофт, ба сару рўяш беист об мепошид...
Аскар тарсида гурехт. Ба ҳавлияшон даромаду дар каҳдони оғил панаҳ бурд. Ҳамон бегоҳ бо маслиҳати модар хоҳараш ўро гурезонда, ба деҳаи ҳамсоя , ба хонаи апааи калонияш бурд. Фардои он рўз оқибати ҳодисаро аз модараш, хоҳарону ҳамсинфонаш шунида, дилашро бештар воҳима зер кард. Гўё бригадир кўр шудааст, ўро дар табобатхона хобондаанд, гўё Аскарро суд мекардаанд ва барои гуноҳи писараш падари ўро аз мактаб мерондаанд.
Аз байн ҳафтае гузашту хайрият, ҳамааш ба хубӣ анҷом ёфт. Ба Аскар ва падараш касе кордор нашуд.
Балки, баракс, бригадирро барои бо колхозчиён муносибати дурушту дағал доштанаш аз кор озод карданд.
Баъди он воқеа ҳар он ки ин гапу хабарро шунида буд, ба Аскар, ба ин ҷавони боғайрат аҳсан мехонд. Баъди ин сари Аскар баланд буд дар назди ҳамсинфону ҳаммактабиёну устодон ва аҳли деҳа.

пешина
аз 208
навбатӣ