Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳеҷ гоҳ гардан хам намекард, сар намефуровард, ки ба одами бад рўи хуш диҳад. Ва боз бригадир чизе нагуфтаю шўр меандохт ба падараш. Боз ғазаби падараш боло мегирифт, ҷангаш мекард, «нағзакак адабашро медод».
Боре Аскар бо чанд нафар ҳамсинфонаш дастгоҳҳои дорупошӣ дар сари китф, қад-қади ҷўяҳо гашта, ба пахтазор дору мепошиданд. Доруи қаттоле, мелмекс, ё ба ҳамин монанд ким-чӣ ном дошт он заҳр. Баъди як навбат дорупошӣ ҷўраҳо ба таҳи сояи тутзор баргаштанд.
Каме дам гирифтанд-нафас рост карданд. Ва боз саргарми сўҳбатҳои гарму хандаю шўхӣ ба кор шурўъ намуданд. Ҳар кадом дар як сатилӣ аз ҷўи қади тутзор об гирифта, ба сатилҳои об дору андохтанд, бо чўбчае омехта, ҳар кадоме як хўшагӣ ангур дар даст мазза карда мехўрданд. Баногоҳ аз куҷое бригадир пайдо шуд.
Омаду исту бист накарда, сараввал хўшаи ангурро аз дасти Аскар кашида гирифт ва бо қаҳр дар сараш зад.
Бо бачаҳои дигар низ чунин кард. Ҳама хапу хомўш истоданд.
-- Шумо ақл доред ё не?!-чашмонашро калон кушода фиғон бардошт Камол.—Аз ҷонатон сер шудед-чӣ?! О, ин заҳри қаттол, марг аст, аҷал аст, мефаҳмед?! Ҷо ба ҷо мекушад одамро!
Ҳамаи бачаҳо гунаҳкорона сар хам карданд. Аскар бошад, дар посух писханд зад, муғамбирона арқантобак карда, пушти сар хорид.
«Рост мегўяд ин қоқи дароз, -аз дил гузаронд ў.- Бо дастони ношуста-доруолуд таом хўрдан мумкин нест».
Вале гарданаш ёрӣ намедод, ки хапу хомўш истад дар ин лаҳзаҳо. Истода –истода хуни ҷавонияш ба ҷўш меомад, ғурури ҷавонӣ ўро тела медод, ки бояд дар ҷавоб чизе бигўяд, ки «ин мард худ аз кўчаи одамгарӣ нагузаштаасту боз ба дигарон насиҳат мекунад!».

пешина
аз 208
навбатӣ