Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кампирону мўсафедон, занону духтарону кўдакон ҳар гоҳе ки банохост бо каланд ниҳоли пахтаеро мебуриданд, ё ҳангоми чобуқ алафе ноканда аз пасашон мемонд, ё дар мавсими ҳосилғундорӣ ғўзаеро тоза намечиданд, аз ў гапҳои болохонадор, дашному ҳақоратҳо мешуниданд. Камол доимо химчае дар даст қад-қади ҷўяҳо аз паси колхозчиён мегашт. «Ҳаром кор накунед!», «Нонатонро ҳалол карда хўред, исқотиҳо!» гуфта, химчаро гирди сараш давр мезанонд, таҳдид мекард, метарсонд. Бештар ба занони беваю бечора, духтарон чаққа мешуд, таҳдид мекард, бо дўғу пўписа метарсонд.
Кўдаконро бо химча мезад. Вале ба Аскар кор надошт.
Аскар бачаи якраве буд, ки ба ҳар кас гардан намефуровард. Қандаша хўраду бригадир ба ў овоз баланд кунад, ё бо химча бизанад! Даррав қаҳр карда, каландро як сў ҳавола медод, ё пешдоманашро аз миён мекушоду пахтаҳояшро дар замин мерехт, мепартофту мерафт. Бригадир гоҳо ба падараш шикоят мебурд. «Маълим, бачат гапа гўш намедиҳад, ман бед гўям, вай тут мегўяд, бисёр якрав аст!». Аскар аз ҳайбати падараш сахт метарсид. Вай розӣ буд, бригадир ўро дўғу пўписа кунад, дашному ҳақорат диҳад, вале ба падараш шўр наандозад. Ҳамин шўрандозӣ, хабаркашиҳои бригадир буд, ки вай борҳо аз падараш гапҳои пасту баланд шунидааст, ҳатто як маротиба намонд, ки ба кори саҳро барояд, ба мактаб равад, «садқаи кору хондан шавӣ!» –гуфта таънаю маломаташ кард падар. Сахттарин ҷазои падар ҳамин буд, ки аз ҳамсинфон, аз рафиқонаш ҷудояш мекард. «Сазои бачаи бетарбия ҳамин аст,-мегуфт.-Гўсолаи рихинро ба пода раҳ додан даркор нест!». Дар ин ҳолатҳо Аскар дар муносибат бо бригадир бештар якрав мешуд. Ва чун медид, ки бригадир ба колхозчиён-пиру барно овоз баланд мекунад, беваю бечораҳоро дашному ҳақорат медиҳад, ҳамсолони ўро бо химча мезанад, ба духтарон қош парронда, ким-чӣ хел ишораҳо карда лаб мелесад, лаб мегазад, чашмакӣ мезанад, қаҳру ғазаб ва нафрати Аскар ба ў боз ҳам меафзуд. Ҳолатҳое ҳам шудааст, ки Камол бо ў гапи ҳақ ҳам мегуфт, насиҳаташ мекард, аммо Аскар ҳамоно гўш намедод, балки баракс, бештар якрав шуда, забонашро бароварда сўз медод ва ким-чӣ нағмаҳо карда ба иззати нафсаш мерасид.

пешина
аз 208
навбатӣ