Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Э, агар ҳар дуи шумо хоҳарони ман, фарзандони падари ман мебудед! Оё мемондам, ки дар ин дараи бекас, дур аз хонаи падару модар сарсону саргардон шуда гардед?! Пас, медонед-чӣ, ба ман гўш андозед, ки ба Шумо чӣ мегўям?! Шў кунед! Ҳарчи тезтар ба шавҳар бароеду ҷонатонро аз ғайбати бадгумонҳо, дилсияҳҳо, беимонҳо халос кунед! Акнун бароед! Зуд гум шавед аз чашмони ман, ки рангу рўятонро набинам!!!
Дар чунин лаҳзаҳо ягона тасаллои дили ў лаби мусаффои дарёчаи Харангон буд, ки андарунаш сангу сангрезаҳо ҷило медоданд, қад-қади он дарахтони маҷнунбед сар хамида, чойкаҳаку бобунаву райҳон мерўиданд. Он тараф манзараи сабзу хуррам ва шукуфони бешаи анбўҳ назаррабоӣ мекард, ки тамошояш дар оҳанги якнавохти оби дарёча ба дилу хотири мушавваш таскин мебахшид.
III
Аскар болои санге нишаста, чашм аз хурўшу ҷавлони
оби мусаффо намеканд. Ҳар қадар мекўшид, наметавонист дилу ҷону рўҳу равонашро раҳо кардан аз
андешаҳои тираву торе, ки ўро фаро гирифта буданд. Аз
миёни торикии андешаҳо беист ду чашмони ало-булои як
тани қоқи дароз ба сўяш назар меафканданд. Ду чашмони
айёру маккоре, ки якзайл дар косахонаи сараш бозӣ мекарданд. Як бор не, даҳ бор не, сад бор, ҳазор бор бо ин
чашмон дучор омадааст Аскар! Аз бозе ки худро мешиносад, бад мебинад, нафрат дорад ба ин ҳамдеҳааш. На
фақат ў, балки ҳамаи ҳамдеҳагон рўи хуш надоранд ба ин
марди ҳавобаланди баддаҳани бадсиришт. Он солҳо Аскар мисли ҳамаи бачаҳои қишлоқ дар мактаб мехонду
пояш аз замини пахтазор канда набуд. Каланд мезад,
ягона мекард, пахта мечид, пуштора ба хона алаф мекашонд. Дар деҳа бригадири колхоз буд Камол. Ба колхозчиён ончунон зулм мекард, ҳадди касе, ки ба кори саҳро набарояд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё