Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Духтарон беҷуръатона қадам монда, аз ду паҳлў дар бари ў ҷой гирифтанд. Аскар бо ҳар ду даст сарашро маҳкам дар кафи дастонаш гирифта, онҳоро хеле маътал кард. Духтарон бо тарс ва ҳайрат суоломез ба ҳамдигар менигаристанд. Дар чашмони ҳар ду ифодаи яъсу пушаймонӣ ҳувайдо буд. Ҳар ду яқин медонистанд ва интизорӣ мекашиданд, ки ҳоло ҳозир Аскар боз кўдаквор онҳоро сарзаниш мекунад, таънаю маломат мекунад, дар гўшашон насиҳатҳое мехонад.
Ғайричашмдошти онҳо Аскар якбора «Вой!» гуфт, дод гуфту ҳунгос зада гирист, шерона наъра кашид, ончунон ки гўё тамоми кўҳу пушта дар ларза афтод.
-- Яктоятон не, ҳар дуи шумо девонаед, фаҳмидед?!
Балки ман ҳам мисли шумо аблаҳи гузаро, девонаам!
Ҳамаи мо, ки фарзандони Одаму Ҳаввоем, ғарқи гуноҳем! Ба Худо мо ҳама фикру андешаи ҳаром ба сар дорем! Бале! Мо ҳама ҳаромзодаем, агарчанде ки мегўянд, мусулмонем! Ҳар нафас, ҳар лаҳза номи Худо ба забон меорему худро, ҳамдигарро, Худоро фиреб медиҳем! Дину имону диёнат мегўему фарсахҳо аз инсофу адолат, одаму одамгарӣ дурем! Фаҳмидед?! Ба Худо, ки дили бекина надорем, мисли русҳо, ки онҳоро кофир, бедину диёнат меҳисобем! Э, монед-е!—Вай ҷаста аз ҷой хесту болинро ба қадаш бардошта, ба як кунҷи хайма ҳаво дод. Боз девонавор дод зад, шерона наъра кашид, ки аз бими овозаш Санавбару Зумуррад харгўшакҳо барин дарақ-дарақ меларзиданд.
-- Э, биёр, Санавбар! Арақ дорӣ, биёр, ки аз зиқӣ дилам торс мекафад!
Зумуррад рўяшро бо панҷаҳояш панаҳ карда, дар замин нишаст ва ҳамоно аз тарсу ҳаяҷон саропо меларзид.
Санавбар шитобон рафта, аз даҳлез ҳамон ним шиша шароби шабона тамом накардаи Султонзодаро бо қадаҳе бардошта овард. Рехту дам назада қадаҳро ба сўяш дароз кард. Аскар нўшид. Бо сачоқ лабу даҳонашро пок кард.
Ором шуд. Чашмони пурғазабашро боз ба духтарон дўхт.
Ба ҳар ду муроҷиат кард:

пешина
аз 208
навбатӣ