Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Эй! Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки додари маро бизанӣ?!
Ў ба Аскар дарафтод. Қобил низ аз ҷой бархоста, чанд мушту лагад ба сўи Аскар ҳаво дод. Санавбару Зумуррад ба миёна даромаданд. Онҳоро базўр аз ҳам ҷудо карданд.
Аскар аз ғазаб девонавор ба кўрпаю болини Зумуррад чанг зада, ҳар сўй партофта титу парешон карду чашмони ҳамагонро бештар тарсонд. Аммаву ҷиян хапу хомўш, бо сари кашол аз хайма берун шуданд.
Пас аз рафтани онҳо Санавбар мағрурона сар боло кард. Ба Зумуррад нигаристу беистиҳола гуфт:
-- Ана дидӣ, дугона?! Ба хешу таборат гўй, ки дигар ба сари ҳамшаҳрии ман зўрӣ нишон надиҳанд, ки ҳолашон аз ин батар мешавад!
Зумуррад бо алам посух дод:
-- Ҳеъ! То дина рўз-ку, ҳамшаҳриятро лаққию серҷоғ гуфта, таъна мезадӣ! Як шаб бо ў хобида, акнун тарафашро мегирӣ?!
Санавбар ба зудӣ посух надод. Сахт лаб газиду нобоварона сар ҷунбонд. Заҳрханде кард. Сипас, нигоҳи бефарқе ба Зумуррад афканда, ба оҳанги маломат гуфт:
-- Э, гум шав-е! Ту худат кӣ ҳастӣ, ки ба ман гап нишон медиҳӣ?! Мисли ман як мўдарози кўтоҳақл! То ҳол на ман, на ту, акои Аскарро нашинохтаем! Рўям сиёҳ, Худо маро занад, нон кўҳриям кунад, агар ў як сари нохун ба ман даст расонда бошад!
Ў сари зону дар замин нишасту аз алам ҳуқ-ҳуқ ба гиря даромад. Зумуррадро дилаш ба ҳоли Санавбар, ки дугонааш, ҳамсабақаш, ягона ҳамдилу ҳамрозаш дар таҳсилу дар ин дашту дамани бекас буд, сўхту тасаллобахшона аз бағалаш гирифт:
-- Хез, девона! Рост мегўӣ! Ба Худо, мо ҳар ду кўтоҳақл, бадгумон, аблаҳ будаем! То ҳол акои Аскарро нашинохта будаем! Э бало занад, маро!
Аскар ба ҳар ду бо ишора даст дароз кард:
-- Бас! Ҳар ду ин қадар фиқ-фиқ накарда биёеду бишинед дар бари ман!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё