Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ана ҳамин тавр, ғуруре дошт Аскар дар муносибат, рафтору гуфтор бо атрофиён, тан намедод, гардан намефуровард ба онҳое, ки каҷрафтору каҷгуфтору каҷпиндоранд. Мегўянд, хўе, ки бо хун омадааст, бо ҷон меравад. Ҳоло сини Аскар ба сӣ расидаасту тарки ҳамон ғурури кўдакию наврасӣ-оштинопазирӣ нисбат ба бадон накардааст, балки ин хўю атвор торафт дар ниҳоди ў маҳкам реша медавонад ва аз афташ, то охири умр аз он халосӣ нест! Камол низ ҳамон Аҳмади порина аст. Баъди аз бригадирӣ ронда шуданаш сад корро иваз кард; даҳмарда шуд, дар фермаи колхоз хукбонӣ кард, қаровули заводи пахта буд… Ана имрўз, ки чор писараш тоҷир-бизнесмен шуда пулу сарвати зиёде ғундоштаанд, бештар аз худ рафтааст. Фукаш ба осмон расидааст! Ба зиёрати Маккатуллоҳ рафтаю Ҳоҷӣ шуда, ба қавли худаш «исқотӣ» бо рафтору гуфтору кирдори бадаш ба номи дини мубини ислом иснод меорад…
Аскар дар он лаҳзаҳо андешаҳои худро, ки аз як нукта-даври Ҳоҷӣ Камол берун намеомад, шабеҳи оби пареши аз ҷўй сарзада тасаввур менамуд, ки гирду ғун мекард хасу хасрўбаҳоро, партову ифлосиҳоро, покиза медошт пайи қадамашро ва боз мерехт ба обрави танге ва боз маҳкам мекарданд даҳани тангноро ин партовҳои ифлосиву чиркин, ки аз диданаш дили кас беҳузур мешуд. Ва хаёлан Ҳоҷиро ана ба ҳамин ифлосиҳо нисбат медод ва якзайл мепечид сару нўги риштаи хаёлоташ бо ному лақаби ў, афту башараи ў, кору рафтору кирдору аъмоли ў… «Эҳ, ҳайфо, ки Каъбатуллоҳ-Хонаи Худо торс намекафад, бо чунин ҳоҷиён, бо чунин худоҷўёни худобехабар, ки ҳамасола ҳазорон-ҳазор бо ниҳоди бетаҳорат, дили чиркину ифлос, забони ношуста, нигоҳи ғусл нокарда ба ин даргоҳи муқаддас қадам мениҳанд!..».
«Э биё мон, Аскар! Ҷонатро азоб мадеҳ!-ҳамоно фикру хаёлоти печида раҳояш намекарданд.- Саратро гиҷ макун бо ин ҳама андешаҳо, бо ин ҳама шубҳаю гумонҳои ин дунёи фонӣ, ки дар зери бори гуноҳҳои фаҳшу дурўғу таҳқиру бадномию ҳаромию ноинсофию ноадолатиҳо кадом рўзе кулфаякун мешавад!

пешина
аз 208
навбатӣ