Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Намедонад, ки бо Ҳоҷӣ Камол баринҳо баҳс кардан мисли он аст, ки ба ҳелчаи занбўр чўб халонӣ!
Санавбар бошитоб вориди хайма шуд. Аскарро бедор дида, саросема гуфт:
-- Э, акои Аскар! Хезед аз ҷоятон! Зуд берун бароеду ман ҷогаҳи Зумратро ғундошта ба тартиб орам!
-- Ҳа, чӣ гап шуд?-аз ҷой нимхез шуд Аскар ва бепарво дар болин каҷпаҳлў зад.
-- Ба сари Шумо омаданд. Аз афташ ҷанг карданиянд!
-Киҳо?
-- Зумрат, апааш Гавҳар ва ҷиянашон, ки нав аз аскарӣ ҷавобаш додаанд. Бачаи берў метобад. Дар ҷогаҳи аммааш хоб рафтани Шуморо фаҳмида, аз ғазаб чӣ кор карданашро намедонад!
-- Курпаю болишти аммаашро нахўрдем-ку!—бо ҳамон бепарвоӣ гуфт Аскар.-Худи Зумрат чӣ мегўяд?
-- Чӣ ҳам мегуфт духтари бечора. Шумо худатон феъли ўро нағз медонед-ку! Ба сараш кўҳ чаппа шавад ҳам, аз даҳонаш ҳарфе намебарояд. Лекин апааш Гавҳар ва ҷиянаш мурғи посўхта барин дар рўи ҳавлӣ гаштаанд!
-- Чӣ мехоҳад апайи Гавҳар?
-- Аз рўи шунидам, Ҳоҷӣ Камол баъди сарзанишу маломатҳои Шумо шабошаб рост ба деҳа рафта, гўё ба ҳама овоза кардааст, ки аз барои Гавҳар шуда, як арақхўри бадмаст дили ўро сиёҳ кардааст, дар ҳақи дини мубини ислом гапҳои носазо гуфтааст ва ғайраву ва ҳоказо. Барои ҳамин, гўё Ҳоҷӣ Камол бо хешовандони варзобияш ва ду-се мўсафеди ҳамнишини худ Гавҳар, Зумрат ва ҳамаи хоҳарони ўро аз як сар дўғу пўписа карда хуб тарсондааст. Аз ин рў Гавҳар сахт норозӣ, аз Шумо гиламанд аст, ки тарафашро гирифта, қаҳри Ҳоҷӣ Камолро овардаед!
-Барои ҳамин ҷиянашро ба сари ман овардааст, ки маро «таги шатта» андозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё