Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Э накаш! Мон! Айб мешавад!
Аскар курпаро ба болояш кашида пойҳои урёнашро панаҳ кард. Ҳар лаҳза талош мекард, ки бо бистар қафаси синаи пурпашмашро пўшонад, ки Санавбар аллакай куртаи ўро аз танаш кашида гирифта буд.

  • Э, н-накаш! Бирр-ав.. Мон!..- саросема шуда забонаш кўл хўрд: -Э, бирав, ту ҳам… бикк-аш!-ва ҳамоно гапи аз даҳон баромадаашро ислоҳ кард:-Э, бирр-ав, ту ҳам… хобб кун!
    Санавбарро ханда гирифт. Якбора қиқирроси мастонаи ў хаймаро пахш кард.
    -- Майлаш, ман ҳам мекашам.—ҳамоно хандидаю беибо ба забон овард ў.—Луп-луччак мешаваму худро дар бағалатон меандозам!
    -- Э, шат-тоҳе!—ғурунгос зад Аскар.—Беҳуда нагуфта-анд, ки ззан азз тух-ми шай-тон аст!
    Ба зудӣ сари худро таҳи курпа кашид. Лаҳзае нагузашта баланд хўрроккашиаш ба гўш мерасид.
    Ў вақте чашм аз хоби бароҳат кушод, ки офтоб баланд шуда, аз равзанаи хурдакак ба даруни хайма шўълапошӣ мекард. Аскар бедор шуду чашмонашро молиш дод, хамёза кашид, аз ҷой нимхез шуду сарашро дар кафи дастон гирифта нишаст. Гўё хобе дида буду онро таъбир мекард.
    Аз берун ҳар гуна садоҳо ба гўшаш мерасид: ширшири обу тарақо-туруқ ба ҳам бархўрдани косаю табақ.
    Аз афташ Санавбар машғули шустани зарфҳои таом аст, ки шаб ношуста мондаанд. Боз нафароне дар чӣ хусус баланд-баланд гуфтугў мекарданд. Якеаш овози Зумуррад, дигаре овози Гавҳар буд, ки Аскар аз оҳанги гапзанияшон шинохт. Дигаре овози як ҷавонмард, барояш ношинос.
    -- Э, рав, хезон, амма! Ҷогаҳатро бў гиронд!-дўғ мезад он ҷавон.
    -- Ин бача тоза ҳам эзма будааст!-Овози Гавҳар буд.- Аз ким-куҷо ба қишлоқи мо омадаасту каттагӣ мекунад! Охир, чӣ кор дорад, ба зиндагии ҳар кас?! Кори мекардааш, гапи мегуфтагияшро андеша накарда, бо як девона даъво карда, ба сари мо бало хезонд!
пешина
аз 208
навбатӣ