Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Марр-ҳамат,-гуфт, -- биёред гандумм-ппояатт-онро. Кўфф-та бод кунед, лекк-ин фақат дар рўзз-ҳои дар кўҳ-до-ман, дар коррр будд-ани геологҳо…
Ҳоло қариб як ҳафта мешавад, ки Ҳоҷӣ Сафарбек ба қароргоҳи геологҳо гузар намекунад. Ў бо чӣ коре ба он тарафи ағба рафтааст. Гўё маслиҳат карда бошанд, ба ҷойи вай Ҳоҷӣ Камол –ҳамдеҳаи Аскар ба ин мавзеъ омад. Чанд рўз аст, ки ин мўйсафеди ғайбатчии бадзабон дар хонаи хешовандонаш меҳмон аст.
Баъди рафтани марди кулўтариш шамол вазиду якбора осмонро абрҳои тираву торик фаро гирифт. Борон борид. Дар як дам ончунон шиддат гирифт, ки таҷрибаомўзон базўр фурсат ёфтанд, дастурхонро саросема ғундошта, вориди хаймаҳо шаванд.
Аскар дар бистари нарму бароҳати Зумуррад дароз кашида, аз ширшири борон, ки беист меборид, аз накҳати гуворои атру упо ва бўи ҷисми латифи зан, ки даруни хаймаро фаро гирифта буд, ҳаловат мебурд.
Санавбар хам шуда, чолокона туфлиҳо ва ҷўробҳои ўро аз пойҳояш кашида гирифт. Аскар, ки баробари ба хайма ворид шудан худро дар рўи ҷогаҳ ба шикам партофта буд, ноҷунбон мехобид.
-- Акои Аскар! Ба пушт хоб кунед, шиматонро кашам!-ўро тела дода, паҳлў гардониданӣ шуд Санавбар.
-- Чӣ?!—яке ба худ омад Аскар ва бо ду даст тасмаи шимашро маҳкам қапид.—Э мон! Нарас!
-- Камтар сабук шавед, охир. Баъд, баҳузур хоб равед!
Аскар ҳамоно эътироз мекард:
-- Ҳой, чӣ кор мекунӣ, Санавбар?! Бирав! Ман худам!
Ў аз ҷой бархостанӣ шуд, вале аз ғояти мастӣ натавонист сар боло кардан. Каме нимхез шуда, боз сари вазнинашро дар рўи болин ҳаво дод.
Санавбар ба нею нестонаш нигоҳ накарда, ба кори худ андармон буд. Ба зудӣ тасмаашро кушод, шимашро аз пойҳояш кашида, дар пояи кат овезон кард.
Тугмаҳои куртаашро низ яла кард.

пешина
аз 208
навбатӣ