Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Чанд бор мешуд, Аскарҷон? Ҳамагӣ як бор Хонаи Худоро зиёрат кардаам, ки барои ҳар мусулмон фарз аст.
-- Ҳмм!-норозиёна ғурунгос мезанад Аскар.— Баъзеҳо давлату сарват дорам, гуфта қариб ҳар сол ба Маккаю Мадина сафар мекунанд. Аммо аслан мақсади чунин касон як аст: На зиёрати Хонаи Худо, балки бизнес, тиҷорат, моли бебаркаш овардану ба фойида фойида зам кардан! Ана, яктояш ҳамдеҳаи ман-Ҳоҷӣ Камол! «Хар Маккаю Мадина рафту омад, боз ҳамон хари қадимина!» Ин мақолро мардум маҳз дар ҳақи чунин Ҳоҷиёни бедину диёнат бофта баровардаанд!
Ҳар доим сўҳбати ҳар ду бо он анҷом меёбад, ки Аскар беист сухан рондаю аз каму кости рўзгору ҷомеа шикоят карда, дар такяи болишт хобаш мебарад, фиххосзанон баланд хўррок мекашад. Ҳоҷӣ Сафарбек оҳистаю боэҳтиёт аз ҷой бармехезад, бо ҷавонон хайру хуш карда, роҳи деҳаро пеш мегирад.


Аскар дар такяи китфони Санавбар ба назди хаймаи духтарон расид. Чун вориди хайма шуданд, дар рў ба рўяшон марди қоматбаланди кулўтариш пайдо шуд.
Вай гардан каҷ карда, бо илтиҷо гуфт:
-- Бубахшед, акои Аскарҷон, ба Шумо гап доштам.
-- Ху-шш… гўшам ба Шумо!— ба забони кўлхўрда гуфт Аскар.
Марди кулўтариш арзи дилашро кўтоҳакак баён кард. Як мошин гандумпоя доштаанд. Мехоҳанд ҳамонро дар хирмани саҳни хаймаҳо кўфтаю бод кунанд. Хостанд, аз соҳиби замин иҷозат пурсанд. Аммо амаки Сафарбек як ҳафта боз бедарак, ба куҷое рафтааст. Боре вай ба онҳо гуфтааст, ки хўҷаини ин чорбоғу хирман аслан Аскар гуфтанӣ геолог аст, ҳар гоҳе ки коратон афтад, аз ў пурсед, розӣ шавад, ихтиёратон.
Аскар дар посух, аз ғояти мастӣ, гапро кашол надод.

пешина
аз 208
навбатӣ