Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Баракси бадзабонию ғайбатҷўию девонаавзогии Ҳоҷӣ Камол амаки Сафарбек мардест батамкин, дурандеш, хушмуомила, бо хурду калон бо навозишу меҳрубонӣ сухан мегўяд. Оҳанги гуфтораш ончунон самимӣ, ончунон форам дар гўш садо медиҳад, ки аз шунидан сер намешавӣ. Ончунон раҳ мегардад, ки дар зери қадамаш мўре озор намеёбад. Ана ҳамин гуна як мард-сокини деҳаи Харангон ба Аскар унс гирифтааст, улфат аст бо ў ҳини вохўрданҳою нишастанҳо даври дастархон.
Ҳар доим, вақти таом, ҳангоми бо ҳам нишастанҳояшон Аскар пайи ҳам бо газаку бе газак қадаҳҳои шароб холӣ мекунаду Ҳоҷӣ Сафарбек чойи алафин менўшад. Вай аз хўрокҳои равғанин парҳез дорад. Ҳар дафъа ба сергапии Аскар тоқат мекунад, малоли хотираш нашавад гуфта, ба суханонаш, ки одатан ҳама арзу шикоятанд, бодиққат гўш мениҳад, ба гуфтаҳояш бо тасдиқ сар меҷунбонад. Бо вуҷуди ин, ҳар гоҳе, ки амаки Сафарбек сар ба сукут мениҳад, Аскар бесаброна ба китфи ў нихта мезанад: «Э, гўш кун, Ҳоҷӣ!
Ба ман нигар!» ва маҷбураш мекунад, ки сар бардошта, идомаи гапҳои бесару нўги ўро шунавад.
-- Гап задан гир, Аскарҷон, гўшам ба ту аст,- табассуми ҳалимона дар лабони Ҳоҷӣ Сафарбек ҳалқа мезанад.-Баъзан ба рўят нигоҳ накунам ҳам, хафа нашав, ҳамеша чашмонам ба дили ту банд аст, ки аҷаб дили бекинаву софу покиза дорӣ, Аскарҷон, мисли оби чашмаҳои кўҳистон…
-- Э садқаи аҳли фаҳм шавам!- хушҳол мешавад Аскар, ба завқ меояд ва мастона ба пойи ў сар хам мекунад.—Биё, Ҳоҷӣ, кафи пойҳоятро бибўсам, ки аз онҳо бўйи хоки Макаю Мадина меояд!
Ҳоҷӣ Сафарбек намегузорад, доманашро саросема пас мекашад, аз хиҷолат суп-сурх шуда, ҷаста аз ҷой мехезад.
-- Мон, ин кората, Аскарҷон! Гунаҳкор мешавам!
-- Хайр, шин!-амр медиҳад Аскар ва ба ҳолу ҷонаш намонда, боз дар ҷояш мешинонад ва мепурсад: «Чанд бор ҳаҷ кардаӣ?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё