Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ҷавонон ба гуфтору амалҳои ў бо ҳайрат менигаристанд. Чун медиданд, ки ҳар суханро аз рўи ҳақиқат, бе дурўғу риё ба забон меорад, ба вай эътимод баста буданд. Ҳамин гуна муносибати ўро бо мардуми деҳоти ин мавзеъ ҳам мушоҳида мекарданд. Медиданд, ки Аскар дар ҳалли бисёр масъалаҳо гапи худро ба одамони таҳҷоӣ мегузаронад. Ана ҳамин қароргоҳи геологҳоро ҳам вай ёфтаю интихоб кардааст. Дар ин дараи биҳиштосо, дар қад-қади дарёча чунин гўшаҳои бароҳат, бо чорбоғу дарахтони серсоя сари ҳар қадам дучор меоянд. Аммо ҳамаи онҳо соҳиб доранд. Сарватмандони ин мавзеъ ва шаҳриён қитъаҳои истироҳатбобро харида гирифтаанд.
Аскар бо яке аз чунин «сарватмандон»-амаки Сафарбек дўсти қарин аст, ки қароргоҳи геологҳо амволи шахсии ўст. Амаки Сафарбек ҳар гоҳи онҳоро хабаргирӣ омадан ҳолу аҳволпурсӣ карда, сараввал аз Аскар мепурсад: «Хўрокаю меваҷот мерасад?». Ва худ дасти холӣ намеомад. Ҳар дафъа дар як сатил зардолу, себ ё нону таоме бо худ меовард. «Шукри Худо, имсол дарахтон ончунон ҳосил додаанд, ки дар замин рехта хобидаанд, -- ба боғи калоне, ки каме дуртар аз хаймаҳо воқеъ буд, ишора карда мегўяд амаки Сафарбек. –Чунин боғу роғ, дутои дигар дар паси ана ҳамин пуштаҳо дар ихтиёр дорам. Ин боғчае, ки ба шумо додаам, тасаввур кунед, ки аз ҳисоб берун аст. Ҳар қадаре, ки хоҳед, бемалол истодан гиред, ҳар қадаре ки дилатон майл дошта бошад, аз меваҳои адир-хучу бодому олучаю гиёҳҳо бичинед, бихўред, бубаред ба хонаҳоятон барои даҳан ширин кардану барои доругӣ, ҳамааш моли шумост…»
Ў ҳам мисли мўсафеди Камол Ҳоҷӣ лақаб дорад.
Хонаи Худоро зиёрат кардааст. Ҳар ду ба гуфти Аскар ҳамсоланд. Дар афту андом қариб монанд. Ҳар ду бо ришу мўйлабҳои кўтоҳ қайчизада; либосҳои шинаму озода дар бар мегарданд. Чеҳраҳои ҳарду нуронӣ, сапсафеду дилкашу зебо. Аммо хислатҳояшон аз замин то осмон фарқ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё