Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз рўзе, ки донишҷўён ба ин мавзеи хушобу ҳаво барои таҷрибаомўзӣ омадаанд, ягона шахсе, ки аз ҳама бештар диққати онҳоро бо рафтору гуфтор ва кирдори аҷибаш ҷалб мекарду дар сўҳбатҳо ҷавононро ҳар доим ба гап мекашид, ҳамин Аскари геолог буд.
«Бояд дар ҳалқаи одамон як ё ду нафар мисли ман касони арақхўру девонаавзо бошанд!-- ҳар доим бо пичинг, худро мазамматкунон мегуфт Аскар. –Бале, дар ҷомеаи имрўз, ки онро «демократӣ», «ҳуқуқбунёд», «гуногунандешӣ» номидаем, бояд девона, аз ақл бегона буд, то ба ин ҳама беадолатиҳо, макру дурўғу фиреб, бемеҳрию бешафқатиҳо, нобаробарӣ, нобародариҳо тоб овард! Фаромўш накунед, додарҳо, ки мо дар давраи «гузариш» қарор дорем… Ба Худо, ҳангоми кор, дар лаҳзаҳои дастурхон оростан, соатҳои дамгирӣ дар хаймаю пуштаҳо хомўш нишинӣ, дам ба дарун андохта гардӣ, кас талхакаф мешавад!».
Гоҳо бахшиш мепурсид ў аз ҷавонон, ки бо сергапию бадмастӣ шояд ба дилашон задааст. «Тасаввур кунед, ки ман муллояму шумо муридон. Ба гуфтаи мулло гўш ниҳеду бо кардаи ў накунед, -насиҳат мекард Аскар таҷрибаомўзонро. Таъриф мекард онҳоеро, ки тарки намоз намекарданду аз сигору носу шароб парҳез доштанд,. «Офарин!-мегуфт, ба дину имон бошед, аммо ҳаргиз ба хурофот дода нашавед! Дин илм аст, ахлоқи ҳамидаи инсонист, ки касро ҳамеша ба роҳи рост ҳидоят месозад. Аз ҳамин роҳи рости ҳамвор пас нагардед, иншоолоҳ, тавфиқ меёбед, дар оянда ҳар кадом соҳиби обрўю иззату икром мешавед!..» Ва баъзан, дар вақтҳои набудани Султонзода илова мекард: «Аммо ҳаргиз дар рафтору гуфтор ба Султонзода барин устодонатон, ба ҳамшаҳри ман- Камол барин ҳоҷиҳо тақлид накунед, ки одамгариро аз даст медиҳед!».

пешина
аз 208
навбатӣ