Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр?- бепарво хамёзакашон бо тамасхур даҳонашро инҷ кард Аскар.
-Намедонам.
Дандонҳои Аскар беихтиёр ғиҷиррос заданд:
-Чӣ ном дорад ин сағира?
-Қобил.
-Ҳа, Қобили қотил?
Санавбар тарсидаву нобоварона рост ба чашмони Аскар нигарист. Дар чашмони Аскар, ё аз таъсири арақ, ё аз бехобӣ, ё аз ғазаб суп-сурх, хун печида буд.
-Шумо чиҳо мегўед, акои Аскар? Вай чихела қотил?
Шумо ўро мешиносед?
-Ҳа, ниму нимкора мешиносам. Дина дар хонаи апайи Гавҳар дида будам. Афташ афти ман барин ба пиёнискаҳо монанд. Гапзанӣ, роҳгардияш ҳам ҳавобаландона. Сағираи шумрўи худобехабар менамояд. Ба як маънӣ, бачайи Одам аст…
-Аммо Шумо вайро қотил гуфтед? Барои чӣ? Чӣ гуноҳ кардааст, ин «бачайи одам?».
-Модоме ки бачайи Одам бошад, чаро бегуноҳ мешудааст? Номаш ҳам Қобил будааст. Ҳамон Қобиле, ки Ҳобилро кушт..
Аздусар аз ин суханони пардапўшонаи ў Санавбар чизеро нафаҳмида, гаранг шуд. Дар ин асно ба хайма Гавҳар бо қаҳру ғазаб зада даромад. Аз паси ў ҷиянаш ва Зумуррад. Мўйҳои Гавҳар титу парешон, шонанокарда, рўймолаш то сари китфон лағжидаву овезон, ҳамчуноне ки Аскар ўро дар адир, ҳангоми хиштрезӣ дида буд. Чашмонаш аз ғазаб медурахшиданд.
-- Хез! Хез-е, аз ҷогаҳи хоҳарам!-якбора овоз баланд карда аз дастони Аскар кашид Гавҳар.
Аскар аз ҷой наҷунбид. Гўё ўро дар бистар мехкўб карда буданд. Нописандона, ҳамоно даҳонашро гиҷ карда, писханд заданаш қаҳру ғазаби Гавҳарро дучандон кард. Ў ба ҷиянаш, ки дар либоси шинаму зебои аскарӣ, чусту чолок, маътали ишора ба ҳарбу зарб меистод, амр дод:

пешина
аз 208
навбатӣ