Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Ба фарзандонаш ҳам худи ў ном ниҳодааст?—гапро ба дигар сў кашол доданӣ шуда, пурсид Султонзода.
-- Ҳа. Ба сурати номи худаш ба ҳамаи духтаронаш номҳои сангҳои қимматро мондааст. Афсўс, писаре надошт, набошад, кӣ медонад, шояд исқотӣ ба вай Сангалӣ ё Сангак ном мемонд! Ҳа-ҳа-ҳа!—Камол аз гапи гуфтаи худ завқ карда хандид ва чун дид, ки ҳамсўҳбаташ намехандад, дарҳол абрувонашро дарҳам кашид, манаҳашро хорида суханашро идома дод.— Мегўянд, ки Худои таоло ба ҳар кас чени нияташ медиҳад. Мармар, эҳе, исқотӣ бо ҳамон паршикастаҳояш чунон фахр мекард, ки! Дар ҳама ҷо лаб ба таъриф кушода, «духтар давлати хонадон аст, Худо ба ҳар кас чунин давлатро насиб намебинад!»
гуфта даъво карда мегашт. Лекин исқотӣ як бор аз Худо талаб накард, ки ба ў писаре ато кунад. Албатта, аз Худо ки талаб накардӣ, бо зорию тавалло сари саҷда ба замин наниҳодӣ, фарзанд чӣ ки, як сари хас ҳам намедиҳад! Ё гапам нодуруст, маълимҷон?
-- Дуруст…
Шом фаро мерасид. Ҳоҷӣ Камол ба абрҳои тираи ҷониби қибла нигариста чунин тахмин кард. Одатан, рўзҳое, ки ҳаво диму торик ва ғуруби офтоб ноаён аст, бахусус дар табиати кўҳистон муайян кардани вақти шом душвор аст. Ба ҳар ҳол аз Султонзода маслиҳат пурсид:
-- Маълим! Шом шуд ё не?
Султонзода ба соати дастияш нигарист:
-- Не, ҳоло то намози шом вақт аст, 15 дақиқаи дигар мондааст, ба фикрам. Аммо барои таҳорат аз ҷой бархезед ҳам, мешавад, мўйсафед.
-- Ҳо, рост гуфтӣ, маълим! Хайр, шикам сер шуд. Акнун бо саҷдаю тиловат шукри Худоро ба ҷо овардан лозим.
Вай локии миёнашро кушода, аз ҷой бархост. Локиро дар гардан овезон карда, ҷелакашро аз ду тараф бар зад, қасдан кардагӣ барин, дар нигоҳи Санавбар раҳ ба раҳ банди дарози эзорашро яла карда, ба сўйи лаби дарё равон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё