Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар роҳи сангфарши шафати себзор Аскар, Қодир, Усмон ва Сайид намудор шуданд. Онҳо пиёда, оҳиста қадамзанон меомаданд. Аз дур назора карда пай бурдан душвор набуд, ки Аскар маст аст, мекалавад. Ў боре калавидаю пешпо хўрда, қариб буд рўнокӣ ба замин афтад.
Қодир давида аз таги бағалаш бардошт. Аскар даст афшонду худро дур кашид. Сипас, гўё ба мастӣ тан намедода бошад, қоматашро рост гирифт ва қадамҳояшро калон-калон партофта роҳашро идома дод.
Чун онҳо наздик расиданд, Султонзода ба авзои ҳар се ҷавонон зеҳн монда, пай бурд, ки аҳволи Усмону Қодир ҳам, агарчанде маст набуданд, балки аз майнўшӣ батамом парҳез доштанд, аз аҳволи Аскар беҳ набуд. Онҳо хеле хастаҳолу дилгир менамуданд.
«Бачаҳои бечора хуб заҳмат кашида, хишт кашонида, шалпару лакот шудаанд,»-- аз дил гузаронд Султонзода. Сипас, ба Аскар нигаристу лабонаш мойили тамасхур шуданд.
Гиребони Аскар кушода, то қафаси синааш яла буд.
Мўйҳояш фатилаву титу парешон. Почаҳои шимаш тар шуда, ҷо-ҷо аз лойпораҳо доғдор гашта буданд. Вай калавида ба Султонзода наздик омаду оҳи чуқур кашид ва бо забони кўлхўрда дарҳол лаб ба шикоят кушод:
-- Ҳеъ! Б-бар п-- пад-дараш наъ-лат!
-- Ҳа, боз чӣ шуд, Аскар?— худро ба нодонӣ зада кунҷкобона пурсид Султонзода.
-- Ҳеъ, устод! Ку инсоф?! Ку адолат?! Ку раҳму шафқат?! Кӣ ба ин суоли ман ҷавоб мегўяд, а?! Бигўед!
Эҳ! Хору зор шуданд бечора занон, модарону хоҳарони мо!!
Султонзода ба зудӣ пай бурд, ки аз занону модарон ба шикоят оғоз карда, сараввал киро дар назар дорад Аскар. Вай тўли чанд соати дар хишткашонӣ ба Гавҳар ёрӣ расондан ва чанд лаҳзаи зиёфати ҳашар хурданашон, аз афташ, фурсати муносиб ёфта, бисёр гапҳоро аз худи ин зан ё каси дигар пурсидаю фаҳмида гирифтааст.

пешина
аз 208
навбатӣ