Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Эҳ, ин занаки сахтҷон!..—боз манаҳашро молиш дода, бо таассуф сар ҷунбонд Камол.—Гўё ҳунарҳои занонаро каҳт зада бошад, кореро ба худ касб кардааст, ки зўри даҳ мард намерасад! Ҳанўз чашми рўз накафида, худро дар адир мегирад, кўз-кўз хишт мерезаду хишт мекашонад!
Тавба кардам, кадом рўзе миёнашро мешиканад, ин беваи исқотӣ! Худашро маъюбу маслуқ мекунад!
Санавбар, ки дар оташдон алав монда, аз дуртар ба суханони нешдору заҳромези ў гўш медод, ҳар лаҳза бо нафрат ба сўи пирамард чашм ало мекарду оташи ғазабашро базўр фурў менишонд. Ниҳоят, ў сабру тоқаташро аз даст дода, бо ситеза овоз баланд кард:
-- Апайи Гавҳар аз Шумо, аз як одами ба ришу фаш зорӣ кард, ки мошин нигаҳ доред! Лекин хоҳишашро ба ҷо наовардед! Чаро?!
Камол чашмонашро нимроғ карда ба ў нигарист.
-- Ту кората бикун! Ба гапи калонсолон қатӣ нашав, духтар! Наистоданам сабаб доштагист! Гуфтам-ку, вақти пешин буд! Саросема будам! Ба намоз дер мемондам!..
-- Ҳа, намоз зарур!—гапи ўро тақвият дод Султонзода ва ба Санавбар чашмакӣ зада, ишора кард, ки хап истад, беҳуда ба асаби пирамард нарасад. Санавбар бошад, бо ғазаб дастонашро болои сар бардоштаву панҷаҳояшро кушода, аз дур мўсафедро бо ишора «балошап» карду ҷониби лаби дарё шитофт.
Камол қаноатмандона ба Султонзода нигарист.
-- Мор нагазидаст, гуфтед? Ҳеъ! Морҳои ин адир, исқотӣ, чунон заҳри қотил доранд, ки одам чи ки, филро газанд, ҷо ба ҷо мемурад! Хайрият, дар бахти духтари Сурх, ў ҷон ба саломат бурдааст! Набошад, духтар маъюбу маслуқ, мисли апаҳояш бадбахт мешуд! Ҳайфи духтарони Сурх! Гавҳар бева, Садафу Беҷода бешў, Зумрат… Эҳ, боз ана чортои дигар, номҳояшонро намедонам, исқотиҳо ҳама паршикастаанд. Онҳо кай шў мекунанд, худо медонад!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё