Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз як устоди дигар аст, ки будани ў низ ба таҷрибаомўзон хеле зарур. Геолог-Аскар. Ҳамин тавр ном мебаранд ўро. Зеро вай худ, аз рўзи нахустини ба ин ҷо омаданаш, хоҳиш кардааст, ки фақат ному касбашро ба забон гирифта муроҷиат намоянд. Марди ғалатиест Аскар. Ба сину сол аз Зумурраду дигар ҳамсабақҳояш панҷ-шаш сол калонтар аст, хатмкардаи ҳамин донишгоҳи миллӣ, факултаи геологист. Аммо гапзанияш калонгирона-бо кас чунон муносибат мекунад, ки гўё дусе баробари шогирдон умр дошта бошад. Бар замми ин, ба қавли баъзеҳо каме «даҳонбефаровез» аст, ҳар доим аз замона, аз ким-киҳо шикоят кардаву ким-киҳоро «судхўр», «беинсоф», «ҳақи мардумхўр» гуфта, ҳақорат медиҳад. Дар бораи кору бору хондан, гуфтору кирдори одамӣ, дар бораи зиндагӣ аҷаб муҳокимаҳое меронад, аҷаб гапҳое мезанад, панду насиҳатҳое мегўяд, ки кас сари калобаашро гум мекунад!
Аз рўи чунин хислатҳояш на ба ҳар кас писанд аст Аскар. Санавбар ўро «инҷиқ, дилгир, дағал, дуруштмуомила»-гуфта дар ғайбаш мазаммат мекунад. «Ин устодгеологи мо бисёр ҳам одами қайсар, гарданшахс аст, - мегўяд дар ҳақи вай Сайид.- Ба худо девона аст, девонаи таппа-тайёр! Аммо ба кори худ ҳушёр». Усмону Қодир, агарчанде баъзан дар ғайбаш ўро мазоҳу хандхариш кунанд ҳам, дар асл ба вай эътимод бастаанд, ба сўҳбату насиҳатҳояш бо завқ гўш мениҳанд. Султонзода дар рафтору гуфтор ба ин геологи сахтдаҳан эҳтиёткор аст, ба назар чунин мерасад, ки аз вай метарсад, ибо мекунад.
Аксар вақт сохтакорона ўро таъриф карда, мегўяд: «Ҷое, ки Геолог-Аскар бошад, дилпурам, ки дар ин кўҳу пушта ба шогирдон ягон ҳодисаи нохуш рух намедиҳад, бовар дорам, ки бо Аскар шогирдони ман дар касби пешакардаи худ таҷрибаи хуб меомўзанд». Барои ҳамин баъзан шогирдонро ба «ихтиёри» ҳамин геологи «ботаҷриба»
месупораду худ ба Душанбе рафта рўзҳои дароз ғайб мезанад.
Дар бораи хислатҳои Аскар то ҳанўз андешаҳои худро «ҷамъу гир» накардааст Зумуррад.

пешина
аз 208
навбатӣ