Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сипас пеши худ суолҳои дигар мегузошт: «Чаро онро мардум оҳансанг меноманд? Оҳанро аз ин сангҳо чӣ гуна ҳосил мекунанд? Оё дар қади ин сойҳо тиллою нуқра ҳаст? Рафту аз миёни порасангон як каф тилло ёбад?..». Ана ҳамин андешаҳо ўро баъди хатми мактаб ба даргоҳи донишгоҳ овард. Инак, ў хатмкунандаи факултаи геология аст. Дар бахши ҷустуҷўию аксбардорӣ аз ҳама бештар ба омўхтани сангҳои нодир майлу рағбат дорад. Эътимодаш ба дониши худ комил аст; агар якчанд намуди сангҳои нодирро дар назди ў қатор чинанд, албатта онҳоро ба як дидан фарқ мекунад:
мармар, ёқут, беҷода, ақиқ… аз ҳама пештар он сангеро ба хубӣ мешиносад, ки номи ўро дорад: Зумуррад!..
Инак, ў донишгоҳро хатм мекунад. Давраи таҷрибаомўзиро дур не, дар мавзее, дар деҳае мегузаронад, ки дар он ҷо ба дунё омадааст, камол ёфтааст.
Яъне, ҳама корҳо хубанд. Боз чӣ мехоҳад? Маълумоти аз китобҳо, дар машғулиятҳо андўхтааш, шукри Худо, зиёд ҳам набошад, кам нест. Дар бораи захираҳои табиии кишвар, хосиятҳои кимиёвии канданиҳои фоиданок, мавқеи ҷойгиршавии онҳо, таснифи маъдану сангҳои қимматбаҳо ва ғайра бисёр чизҳоро медонад.
Аз мактаби хондааш, аз сабақи гирифтааш, аз устодон ризояст. Ана, яке аз устодонаш- Султонзода дар ин шабу рўзи таҷрибаомўзӣ низ дар барашон- дар кўҳу пушта ва дар хаймаи геологҳост. Ба онҳо-ба шогирдонаш кор ёд медиҳад, баъзан ҳамроҳашон ба фарози ёлаҳо мебарояд, болға бар сангҳо мезанад, санг мешиканад, барои ташхиси лабораторӣ ҷинсҳои кўҳӣ интихоб мекунад.
Вай ҳоло, ҳо, дар он баландӣ, ҳамроҳи гурўҳи дуюми ҷустуҷўӣ-геологист. Бо Санавбар ғарқи сўҳбат аст. Дар бораи муносибати онҳо ҳар хел гапҳо мегўянд. Хайр, гуфтан гиранд. Ба ҳар ҳол, дар ин адири лағжонаки хавфнок, пур аз ҷуку ҷондор, ки ҳар хел ҳодиса шуданаш мумкин, дар бари шогирдон будани устод шарту ҳатмист. Рўзона дар кор, шабонгоҳҳо дар хаймаи торики геологҳо қуввати дилашон аст.

пешина
аз 208
навбатӣ