Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ҷойи худ тоб хўрду боз гашта ба дари ў даромад.

*Меҳмони хонадони дўсти наздикам шудам.
Олиҷаноб зиёфатам дод.
Хони пурнозу неъмат орост. Тамоми нуқлу кабобу шаробро бароям муҳайё сохт…
Тасодуфан китоби ба тозагӣ чопшудаамро, ки ба вай тақдим карда будам, аз ҳоҷатхонаашон ёфтам.

*Сабр чист?

  • Аз Вақт пеш нагузаштан, ки дар пойгаҳи зиндагӣ ҳамеша моро аз пайи худ мебарад.
  • Ў ҳамеша шукру сипоси бепоён аз додаи Худованд мекард. Худованд ба фариштаи ризқ фармуд, ки гарди доманашро ба сари он Бандаи шукргузораш афшонад.
    Ў ончунон бадавлат шуд, ки ҳадду ҳисоб надошт.

*Мо ҳар ду зодаи як дунёем. Яке тоҷиру дигаре шоир. Ва ту дар дунёи дигар зиндагӣ мекунию ман дар дунёи дигар.
Биё, ба дунёи ман, ки аҷаб дунёест!

*Ду рафиқи ўзбекзабонамро ба писари Афандӣ шинос карданӣ шудам.
Ў ба шаклу башараи ҳар ду бодиққат назар афканду гуфт:
-- Шинос накунӣ ҳам, мешавад. Номи ин ҷўраҳои ту ё Тошпўлод аст, ё Эгамбердӣ.
Дарвоқеъ, яке Тошпўлод буду дуввум Эгамбердӣ.

*-- Мардак, Худо хоҳад, китобат ҳам чоп шуд. Кай ҳақи қаламатро мегирӣ?
-- Насиб бошад, ҳамин ҳафта, занакҷон. Ҳамаашро бо ду дасти адаб оварда дар дастат месупорам!
Зан бо мард сар дар як болин монда, боз 30 соли дигар умр диду боре ҳам китоби шавҳарашро варақ назад.

пешина
аз 208
навбатӣ