Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Дар маросими ҷанозааш ўро ончунон мадҳу ситоиш карданд, ки шояд аз мурдан шармаш омад.
Агар гўшҳояш мешуниданд, шояд дубора зинда шуда, аз ҷой бармехесту худро дар пойи ҳамагон мафканд ва боз мемурду бароҳат дар хоби абад мерафт.
*Бодапарасту саҷҷодапараст ҳар ду аз худ бехабаранд. Яке дар ёди ин дунё, дигаре дар ишқи он дунё.
*Аблаҳон бастанд аробаро аз ду ҷониб, ба ду аспи ҷавмаст ва қамчин заданд.
Онҳоро бад-он сабаб аблаҳ гўянд, ки худ намедонанд, чӣ кор мекунанд!
*Худои мутаол фармуд: «Ба гадо зиёд мадеҳ, ки ҳеҷ гоҳ тарки ин амал нахоҳад кард. Агар ношукр бошад, пас ҳамон додаи туро ҳам аз вай биситонам».
Мастеро дидам, ки ба гадое мегуфт:
-- Худоро мешиносӣ?
Гуфт:
-- Алҳамдулиллоҳ!
Гуфт:
-- Пас, бирав, назди Парвардигор, насиби ризқу рўзият диҳад, то мўҳтоҷи бандагон нашавӣ!
*Бо ҳайвонҳо зиста, инсони хубе шуд.
Бо инсонҳо зиста, хўи ҳайвонӣ гирифт.
*Аз ҷониби муассисаҳои табъу нашр ва санъат ба эҳтиёҷмандон кўмаки навбатӣ расонида шуд. Ноширон ба ҷамъияти нобиноён китобҳои тозанашри худро тақдим намуданд; ҳунарпешагон барои кару гунгон консерт намоиш доданд.
*Тифлон бо ту чӣ гуна унс мегиранд-баҳои ту ба хўю атвори туст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё