Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*-- Маро нашинохтед? Як фикр кунед, шояд дар куҷое дидаед?
…Ҳамсўҳбаташ кўр буд.

*Бинии пачақамро рост мекунам, гуфта, ба он либосовезакро андармон кард.
Бечора, акнун бо даҳонаш нафас мегирад.

*Бори тамкин ончунон фишорам додааст, ки ба хоки замин баробар шудаам ва касе маро намебинад!

*Решаро бояд бурид, то манзилатро дарахт аз беху бун сарнагун насозад.

*Фикри зистан накунӣ, фикри мурдан хоҳӣ кард.

*Ҳама хатро метавон кўр кард, ба ҷуз хати пешонӣ.

*Заминро шикофту шикофту ба қаъри он фурў рафт.
Ва боз шикофту фурў рафт. Ва боз шикофту шикофт…Аз Замин баромад.

*Ҳама нуқлу кабобу шароб пеши ў ниҳоданд. Гуфтанд: «Нахўр!» Натавонист. Даст ба таом бурду гирифту бихўрд.
Чашму рў аз нигоҳи номаҳрамон пинҳон кардани занони сатрпўш низ бад-ин маънист.

  • «Шеърҳоятро хондам, -гуфт шоире ба шоири дигар.-На-ғз…».
    Ва забонаш гирифт.
    Аз афташ, табрик карданӣ буд.

*Издиҳом аз раҳи эътимод дунболи ў мерафт. Ў носабур буд ва дар банди ғуруру такаббур. Пешпо хўрд ва таҳи пойи издиҳом монд.

пешина
аз 208
навбатӣ