Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Маъние, ки ҳаст нофаҳмо бузург!
Аз бузургиҳо чӣ гўям бо бузург?
То ба дарё по ниҳодам андарун,
Ҳеҷ майлам нест бар рафтан бурун
Маҳди ман карданд бар дарё дуруст,
Охиран тобути ман бар дўши ўст.
Гар ту, эй, хоҳӣ шудан дарёнавард,
Бояд аввал худ ба дарё ғарқ кард.
Ҳар ки биншастаст дар киштӣ баланд,
Шўри дарёяш басо н-афтад писанд.
З-ин сабаб боист дар заврақ нишаст,
Сайдро омўхтан бояд ба шаст.
Баҳрро тамкин басо дар зоҳир аст,
Ҳар нафас бар шўру исён қодир аст.
Ҷовидон дорад ба ботин мадду ҷазр,
Дар ниҳоди ў ниҳон ошўбу қаҳр.
Ку ҳамон киштисаворон, ки кунанд
Дарки ин маънӣ аз он тахти баланд?!
Тунд н-ояд марди оқил мавҷро,
Чун тавон рафтан муқобил мавҷро?
Марди дарёгаштаи дарёшинос
Мекунад аз неъмати дарё сипос.
Ман , ки ин ҷо як сари танҳостам,
Ҳамчу селоби кафи дарёстам.
Об дода чашм аз паҳнои ў,
Гўшро бинҳода бар ғавғои ў,
Эй басо ғамҳош дорам дар замир,
Нест чашмам аз ҷамоли мавҷ сер.
Ҷунбише дорад, ки чун дилҳои мост,
Гоҳ орому гаҳе сели балост.
Маънии ҳастӣ дар он бошад ниҳон,
Гирудори умр аз ў бошад аён.
Обро гар шавшуви нохуш шуда,
Мавҷҳо, дарёб, ки саркаш шуда.
Ҳайбати овои дарё чун фузуд,
Зуд дигар мекунад маҷройи худ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё