Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба рафтан аз замин пояш ҷудо буд,
Қадам бигзоштӣ бо карру бо фар.
Ба зоҳир лухтаке аз мушку анбар,
Ба ботин оташе аз шўру аз шар.
Таомаш талх буд дар ком бе май,
Даме аз каф намеафканд соғар.
Ба ҳарфи зишт мезад ҳар дам аз кибр,
Ба қалби хоҳарони хеш наштар.
Зи гуфтору зи кирдори хабисаш,
Буд андар хонадон ҳар рӯз маҳшар.
Падар буд додхоҳи қисмати хеш,
Касе аммо набудаш додгустар.
Нишасту аз пайи тадбир рӯзе,
Яке андешааш афтод бар сар.
Ки дар ҳамсоягӣ мезист ӯро,
Яке марди хирадманду ҳунарвар.
Пайи маслиҳату имдод он гаҳ,
Ҳамон ҳамсояашро рафт бар дар.

Бад-ӯ гуфт, эй хирадманди ҷаҳондон,
Тавонӣ мушкиламро кард осон.
Кушо бар ман дари дунёи ҳикмат,
Бурун овар аз ин ҳоли парешон.
Падарро мисли ҷон фарзанд азиз аст,
Ту худ донӣ, маро дардест бар ҷон.
Падарро нури чашмон аст фарзанд,
Чи суд аммо агар чашм аст гирён!
Писар бо лутфу эҳсон парваридам,
Кунун бар сар бало шуд лутфу эҳсон.
Бад- ин дарде, ки дорам, эй хирадманд,
Чи сонам, гӯй, кардан чора битвон?
Ба хона барзагав дорам ду –се сар,
Туро як сар ҳамебахшам аз онон…

Чу бишнид ин сухан он марди оқил,
Ҷавоби нукта пинҳон дошт дар дил.
Ба рағми бовари ҳамсоя гуфташ,
Ки он гав боядам дидан дар оғил.

пешина
аз 208
навбатӣ