Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
ЗАНИ ДЕВОНА
Як зани девона урён мегузашт,
Дар нигоҳи раҳгузорон мегузашт,
Ҳар кӣ бар вай дида ҳайрон мегузашт,
Дасти тавба дар гиребон мегузашт.
Пирамарде ҷомааш аз тан кашид,
Давдавон рафту ба дўши зан кашид.
Раҳгузоре лаб кушуд: «Ин хайри пир
Бар худо, хайри сағирасту кабир!»
В-он дигар гуфто ки: «Хайрат мустаҷоб,
Чун ту кош афзун шавад аҳли савоб!..
Ҷомаи рангин чунин аз адлу дод
Низ бар ҷамъияти урён кӣ дод?..».
ДОРО ВА ХИРАДМАНД
Яке буд марди дорои тавонгар,
Фаровон доштӣ аз симу аз зар.
Миёни ҳафт духтар – ҳафт хоҳар,
Писар будаш ягона нозпарвар.
Ки будаш аз камоли меҳри афзун,
Зи тифлӣ он писар бо ҷон баробар.
Ҳама дороияш бахшида бар вай,
Ҳар он чи хост, мекардаш муяссар.
Дар он кохи биҳиштосо тӯ гӯӣ,
Ҳаменўшид об аз ҳавзи Кавсар.
Шабонаш аз пари қӯ буд болин,
Ба по тахти равон густурда бистар.
Чашида тамъи шаҳду шаккари ноз,
Писар шуд бадгуҳар охир муқаррар.
Бадар омад чу аз дунёи тифлӣ,
Бурун бинҳод по аз роҳи бовар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё