Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-Бас кун, духтар!
-- Чӣ, Шумо розӣ нестед, ки ба мо қарз диҳед?
-Хап шин, мегўям! -чашм аз самти муқобил наканда, ҳаросон шуд Гавҳар. -Ту ўро сиҳат карда наметавонӣ.
Аллакай дер шуд! Ҳар кор вақту соат дорад.
-Не, дар пеши Худо савганд хўрдаам, ки ба ў шифо мебахшам!.
-Хап!!! Дамата гир, Зумрат! О, ту як бор ба вай нигар!-ба сўе, ки Аскар ҳанўз дур нарафта буд, ишора кард Гавҳар.
Зумуррад якбора лаб фурў баста, аз пайи нигоҳи Гавҳар, ба сўи ишоракардаи вай нигарист.
Аскарро дид, ки раҳравон қафаси синаашро маҳкам доштаву сахт фушурда, мисли мурғи тирхўрда яктефа раҳ мерафт. Вай бо ҳамин аҳвол як-ду қадами дигар ниҳоду якбора рўнокӣ дар болои сангу хоки рўи раҳ афтод. Ғалтиду дигар наҷунбид, гўё ки дар замин ширеш шуда буд.
-- Апа! Апаҷон!- ҳавлангез овоз баровард Зумуррад.- Апаҷон, калида диҳед, ман равам! Охир, бинед, вай мемурад!
Ин ҳодисаро аз дур дида, ҳамоно Ҳоҷӣ Сафарбек, Файзулло ва аз паси онҳо Қобил саросема дар мошинҳояшон нишаста, дар як лаҳза худро болои сари Аскар расонданд.
Зумуррад калиди мошин дар даст, ҳар қадар мехост ба пеш қадам ниҳад, наметавонист; пойҳояш то зонувон карахт шуда буданд. Вақте ки зўр зада, майли ҳаракат намуд, хаёле пойҳояш шикастанд-қат шуданд; беихтиёр дар болои як ваҷаб сабзаи хушкидаи домани пушта дузону нишаст, мисле ки дар рўи ҷонамози густурда нишаста бошад. Мисле ки ба саҷда мерафта бошад, панҷаҳояшро ба рў кашиду пешонияшро дар сангу хоки хасу хасрўбаҳо ниҳод. Дуру дароз, лаҳзаҳои тўлонӣ бад-ин минвол истод, сар боло накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё