Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Дарун-дарун сўхтаву ба алам гирист, аз дидагонаш шашқатор ашк мерехт.
Бе ҳарф, бе сухан бо Замин роз мегуфт Зумуррад.
Аммо Замин хомўш буд.
…Як вақте сар аз Замин бардошту бо нўги рўймол оби дидагонашро пок карда, ба атроф нигарист. Дар пасу пеш касе наменамуд. На Гавҳар, на Ҳоҷӣ Сафарбек, на Файзулло, на Қобил, на мошинҳо… Сукути кўҳдоманро аз чор атроф овози чирчиракҳо халалдор мекард, ки беист, якмаром чиррос мезаданд.
Фардои он рўз дар маросими мотам аслан аз наздикони Аскар ҳамин нафарон буданд: Зумурраду Гавҳар, ки ҳар ду пироҳани азо дар бар, рўймоли сиёҳ бар сар доштанд ва Файзуллову Қобил- тоқиҳои азо бар сар, ҷомаҳои сиёҳ дар бар.
Саллоти ҷанозаро дар масҷиди ҷомеъ домулло Ҳоҷӣ Сафарбек мехонд.., ки дар он лаҳза Ҳоҷӣ Камол низ расида омад.
ҲИКОЁТИ МАНЗУМ
МИННАТ
Дар чаманзоре чаридан дошт хар,
Аз алаф хўрдан намебардошт сар.
Гарчи бас марзу чарого(ҳ) дида буд,
Марғзореро чунин нодида буд.
Сер шуд, хушҳол гашту ҳанг зад,
Ҳар-ҳараш бар гўши гургон чанг зад.
Зуд дандон тез карда он замон,
Сўйи ў як села гург омад давон.
Аз миён нагзашта як дам, лоҷарам,
Пора мекарданд ўро аз шикам.
Гар намеомад зи роҳи гулпўше,
Бар раҳои ҷони хар ҳезумкаше.
Ҳезумаш дар пушт, досаш дар камар,
Доштӣ бисёрҳо ҳоҷат ба хар.
Гарчи дар дил будаш аз гургон ҳарос,
Аз таваккалҳо ба каф бигрифт дос.
Бар вуҳуш, албат, чӣ хирсу шеру гург,
Ҳайбати одам асар дорад бузург.
Бешак, аз як ҳамлааш бигрехтанд,
Гарди сум бо марғзор омехтанд.
Сар ба пойи ў фуруд овард хар,
Зери бораш пушти худ овард хар.
К-«Эй раҳобахшанда, борат мекашам,
Соҳибам ту, ҳарчи фармоӣ, хушам!».
Мард буд мағрур аз он ки дошт хар,
Аҳл буд, ҳар бор мебардошт хар.
Дошт он бечора хар аҳволи зор,
Бор мебардошт, ҳам бори савор.
Бор мебурду вале хомўш буд,
Чунки бори миннаташ бар дўш буд…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё