Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Дар солҳои барқарор шудани ҳукумати қонунӣ як ҷиянаш мухбири суратгир будааст, дар Тавилдара ҳини суратгирӣ бедарак, беному нишон шудааст. Модараш-хоҳари калонии ҳамин Аскар ўро кофтан рафта, дар адир танҳо монда девона шудааст.
Занаки бечораро гўё дар як шаби сармои зимистон гургон пора-пора кардаанд… Акнун аз хешу табору авлодони Устод ҳеҷ кас намондааст! Вай тамоман танҳояст, танҳо, мефаҳмед?!!
-- Эҳ, Худо! Тавба! Тавба! Охир, аз дасти мо, бандагонаш чӣ меояд, агар Хости Парвардигори ҳаждаҳ ҳазор олам ҳамин бошад?!..
-Ҳа, акнун ба Шумо ҳам таъсир кард?! Саргузашти ғамангез аст, дилатон сўхт, ҳамин тавр не? Пас, розиед, ки ман тақдири худро бо тақдири ҳамин ҷавонмард бипайвандам?
-Ту чиҳо мегўӣ? Ақлатро хўрдаӣ-чӣ , Зумрат?
-Ҳа, ақлама хўрдаам!
-Э, хок бикашата, духтар, ба ин гапи ёфта баровардаат!
-Майлаш! Хок бикаша маро! Ба ростӣ, ин дунё ба дилам задааст! Аз беруни хок будан дар даруни хок будан беҳтар аст!
-Ин бадмасти гузаро ба нохуни ту намеарзад, мефаҳмӣ?!
-Биарзад, наарзад, мегирам, гуфтам, мегирам! Боз гап доред?! Охир, то ба кай ман «шаҳзода»-и худро интизорӣ мекашам?! Аз нисф зиёди умрам гузашт! Пир шудам, пир, мефаҳмед?! Хоҳед-нахоҳед, ман ин корро мекунам: Бо Устод хонадор мешавам, бахту тақдирамро бо вай мепайвандам, ҷон коҳонда, ўро табобат мекунам, Худо хоҳад, Аскар сиҳат мешавад, мо ҳар ду хонаву дари обод месозем… Ҳама медонад, ки ў геологи донишманд аст. Агар дилбастагияш ба шароб намебуд, ҳоло олим, ё роҳбари ягон корхонаи калон мешуд. Ман ният дорам, баъди сиҳат кардани ў аз ту, апаҷон, қарз гирифта, ҳар ду дар ҳамин Харангон ягон корхонаи хусусии коркарди маъдан кушода, дар ободии ватан саҳм бигирем…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё