Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан-Беозор бошад, бигир ўро. Шў надорӣ!,- бо киноя гуфт Гавҳар.
-Ҳа, мегирам, гап доред, апа! Бас будагист, ин ҳама талху пичингу неш заданҳоятон! Охир, Аскар Инсон аст! Инро ҳеҷ фикр мекунед Шумо?
-Не! Чунин касон-ўву Қобил баринҳо аз зоти одам нестанд! Онҳо худозада, кулфатзада, осиянд!
Мефаҳмӣ?! Боз ту шарма надониста, «ҳа, ўро мегирам!»
гуфта забонатро як қулоч дароз мекунӣ!
- Вазифаи Зан-Модар тарбияи инсон аст! Инсоне, ки ҳама зодаи модар, фарзандони модаронанд-ҳам духтару ҳам писар, ҳам зану ҳам шавҳар! Зани оқил он аст, ки на фақат фарзанд, балки шавҳари худро ҳам тарбия карда тавонад! Инро доимо падарамон ба мо мегуфт, фаромўш кардӣ-чӣ, апаҷон?! Пас, чаро мо зан шуда, натавонем чунин мардонро тарбия карда, ба роҳи дурусти зиндагӣ андозем, мардеро, ки танҳояст, ҳеҷ кас надорад, ғамхоре, дилсўзе, саробоне нест, ки ўро нигаҳбонӣ кунад, дар ғаму андўҳ тасаллои дилаш шавад! Чаро мо дидаву дониста, чунин мардонро дар қади кўча партоем, ки аз бекасӣ дилашон аз одаму олам сарду хунук шудааст?!..
-Хайр, шуд, бас! Медонам, дилат месўзад ба вай.
Шунидаам, гуфта будӣ, ки саргузашти талхе дорад ин ҷавонмард. Нақл карда будӣ, ки занаш бероҳа шудааст, барои ҳамин «Устодат» ўро талоқ додааст, хабар дорам, ки дар ҳамон рўзҳо модари касалияш аз олам гузаштааст, гуфта будӣ, ки як додари Аскар дар сарҳад аз як афғони гўрсўхтаи нашъаҷаллоб тир хўрда, ҳалок шудааст. Лекин бо ғам хўрдану арақнўшу бадмаст шудан магар мурдаҳоро зинда гардондан, ҳаёти гузаштаро баргардондан мумкин аст?
-Не, Шумо аз саргузашти талхи ў ҳеҷ чизро намедонед! Ду бародари ўро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо зану фарзандонашон кушта, хонаашонро оташ задаанд!
Як хоҳарчааш аз тарси силоҳбадастон гурехта, худро ба дарё партофтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё