Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бовар дорам, Ҳоҷӣ ҳам аз ин «дарди сари» овардаат хурсанд намешавад!
Зумуррад беҷуръатона сар боло карда, аз пайи Аскар ба пеш нигарист. Аскар ҳанўз калавида роҳ мерафт.
Қадаммонии ў торафт сусттар ва сусттар мешуд. Тахминан 50-60 қадами дигар монда буд, то ки ў худро ба назди «Жигули» ва «Нива» расонад.
-Худи амаки Сафарбек наменамояд?-нигоҳашро аз Аскар гурезондаву ба мошинҳо нигариста, оштихоҳона, бо овози ноҳинҷор пурсид Зумуррад.- Мошинаш дар ҳамин ҷост. Онҳо куҷо рафта бошанд?
-Куҷо ҳам мерафтанд?-боз ба шикоят гузашт Гавҳар.- Худобехабари Қобил, ана ҳамин писарамаки мо, ки ману ту ҳам аз афташ безорем, аз аскарӣ баргаштани ана ин «нависандаи маҳмаддоно»-ро шунида, саҳар инҷониб раҳи Ҳоҷиро мепоид. Ба фикрам, Ҳоҷиро розӣ кунонида, барои харидани сабилмондаи арақ рафтаанд. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо ин бегоҳ чӣ балоеро ба сар меоранд. Одами касалро нўшонида, батар касал мекунанд, дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ҷо ба ҷо мекушанд бечораи бадбахтро!
-Шумо киро дар назар доред, апа?-қасдан худро ба нофаҳмӣ зада, беҷуръатона ба забон овард Зумуррад.
-Киро мебуд? Ҳмм! Гўё ки ҳеҷ чизро намедонӣ, мусичаи бегуноҳ! «Устодат»-ро. Охир раҳгардии ўро бубин!
Базўр пояҳояшро кашола мекунад! Як қатра аз он сабилмонда кифоя аст, ки бинўшаду дилаш торс бикафад!
Э бало занад! Як одами дуппа дурусти донишманд асту кӣ ўро маҷбур кардааст, ки ин қадар ба ҷони худ ҷабр кунад! -Вай бори дигар аз пайи Аскари рафтаистода назаре афканду боз даст ба гиребон бурда, тавба кард.-Ё тавба! Худи ҳамин лаҳза ё лаҳзаи дигар ғалтида, дар рўи хоку санг ба даҳан назанад, номама мегардонам! Э, мур аз ин ҳолат-е, бадмасти худобехабар!
-Ин тавр нагўед, апа! Ҳарки ҳам бошад, акои Аскар марди беозор аст,-ниҳоят тоқат карда натавониста, гилагузорӣ намуд Зумуррад.

пешина
аз 208
навбатӣ