Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Ҳа, чӣ нигоҳ карда истодаӣ?! –қадаме пештар ниҳода даст дароз кард Гавҳар.-«Раҳмат», хеле вақтама гирифтӣ.
Те, акнун, калиди мошина, аз пайи корам равам!
Зумуррад гардан каҷ кард:
-Апаҷон, ҷон апаҷон, як лаҳзаи дигар фурсатам диҳед, монед, ўро бурда ба дасти амаки Сафарбек месупораму зуд бармегардам.
-Киро?!-якбора чашмонашро калон кушода, воҳима ангехт Гавҳар.
-Устодам, Аскарро.
-Ҳоло вай дар мошин нишастааст?! Дар мошини мана? Паҳ! Ҳамаро бўй гирондам гўй! Як хонаи тозаву озодаро дар ихтиёраш гузошта, ҳаром гардонданат бас набуд, ки боз «мошинсавораш» кардаӣ?!
Дар ин асно дари қафои мошин тараққӣ кушода шуду сўҳбати хоҳарон нотамом монд. Аскар лағжида аз кобин мефаромад. Ҳар ду хоҳар бо авзои парешон дида ба сўи ў андўхтанд. Аскар хапу хомўш фуромада, ба пеш қадам ниҳод. Авзояш дилгирифт, як даст дар қафаси чапи синааш ниҳода, қадамҳояшро канда-канда роҳ мерафт. Вай ғайричашмдошти Гавҳару Зумуррад дам назада, ҳатто нигоҳе ба сўяшон наафканда, аз назди хоҳарон гузашта рафту калавида роҳашро қад-қади сангфарш идома дод.
Ҳини гузашта рафтанаш ба Гавҳар фурсате даст дод, ки бо қираи чашм ба рўи камхуни рангпаридаи Аскар аз наздик зеҳн монда, сипас, масофае чанд ўро бо нигоҳҳояш гуселонад.
-Эҳ, Худо!-гиребонашро дошта тавба кард Гавҳар.- Ба вай нигар! Ранги рўяш рўи мурда барин! О, ҷувонимарг, мурдаро куҷо кашола карда овардӣ?!
Зумуррад бештар сарашро кашол карда, чашмони гиряолудашро ба замин дўхт. Чанд қатра ашк аз рухсораҳои ў фурў рехта, бари доманашро тар кард.
-Ту дурўғ гуфта бошӣ ҳам, Ҳоҷӣ ҳамаи гапро қоил шуд, духтар!-пас аз лаҳзае сукути ногувор бо ҳамон гилагузорӣ суханашро идома дод Гавҳар.-Хайр, мошинро бе иҷозати ман бурданат ба хайр аст, хуб кардӣ, ки ўро хабар гирифтӣ, лекин бо ин аҳвол бечора касалиро мемондӣ ба ҳоли худаш!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё