Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гумон кард, ки Гавҳар хурсанд, розӣ мешавад, ки дар бораи ў чизе нависанд, таърифаш кунанд. Вале баракс, Гавҳар абрў дарҳам кашиду ба ҷониби муқобил ишора кард, ки он ҷо ду мошин-«Нива»- и Сафарбек ва «Жигули»-е калла ба калла меистоданд.
-Нависанда бошӣ, бирав, дар бораи тағоят навис, додар,-бо ситеза гуфт Гавҳар.-Охир, вай соҳибкори пешқадам, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, хўҷаини замину боғу роғи калон аст. Баъд, тағоят дўстони наздик, ҳамнишину ҳамзиёфатҳои зиёде ҳам дорад, ки ҳамаашон ба «таъриф» меарзанд: Якеяш ҷияни ман, номаш Қобил, бекорхўҷа, як соат бе арақ истода наметавонад. Дигараш, ҳозиракак, ба фикрам, аз назди вай омадед, ба қавле, Устод аст, муаллим, таълимдиҳанда..
Рости гап, аз дидани афти онҳо дили кас беҳузур мешавад! Ана ҳамин хел, додари азиз, китобатро ҳам ман мегўям, чӣ ном монӣ: «Ҳоҷӣ ва дўстони ў-бадмастон».
Файзулло аз чунин ранг гирифтани муносибат сахт дар хиҷолат афтод, назаре гилаомез ба Зумуррад афканду пушти сар хорид.
-Ҳоло онҳо куҷо рафта бошанд-а?- баҳонаҷўёна ба мошинҳои муқобил дида андўхта, пурсид ў.
-Киҳо?!
-Тағои ман.. ва ҷияни Шумо?...
-Ман чӣ донам! Ман қаровули ҳар як ҳоҷию ҳар як худобехабарам магар?-дўғ зад Гавҳар.
Файзулло аз дўғ заданҳои ў ибо кард, ё дар чунин лаҳзаҳои нозуку ногувор дар ҳузури хоҳарон истоданро аз рўи фаросат надонист магар ки саросема «роҳи гурез»-ро пеш гирифт. Қаламу дафтарчаашро, ки бо мақсади ким-чиҳо сабт кардан бароварда, ба навиштан тайёр шуда меистод, дар ҷайб андохту ба пасаш нигоҳ накарда, рост ҷониби «Нива» ва «Жигули» раҳсипор шуд.
Зумуррад ноумед шуд. Карахту беёд сар ба сукут афканда, интизорӣ мекашид, ки апаш боз чиҳо гуфта ўро сарзанишу маломатҳо мекунад.

пешина
аз 208
навбатӣ