Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин чанд дақиқаи бо Зумуррад ҳамроҳ буданаш нахуст аз хислатҳои ў дарёфт, ки ин «хоҳари Гавҳари бизнесмен» забони буррову часпон дорад, зуд- зуд гапзанияш ба ҳаракатҳои чусту чолокаш хеле мувофиқ афтода буданд.
Маротибаи чандум буд, ки ҷирингоси гўшкаркунандаи телефони мобилии Зумуррад баланд шуд.
-Ана бубин, боз занг мезанад,-телефонро дар бехи гўшаш ниҳодаву саросема ба сўи даромадгоҳи иморати баландошёна қадамзанон гуфт ў -Ало, апаҷон?
Ҳозиракак расида меоям! Ман дар хамгашти раҳи заводи семент. Ҳа. Мошини амаки Сафарбек вайрон шудааст. Ҳамонро соз мекунему зуд раҳакӣ мешавам!..
Файзуллоро бар замми «ронандаи берўю беэҳтиёт»
будани Зумуррад, ҳамчунин рўирост дурўғ гуфтанаш сахт ҳайрону мутаассир кард.
«Ана «тарбиядида!»,-дар дил мазаммат мекард ўро- Бале, ба ин тоҷирони мошинсавор на танҳо вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат, писанд накардани нозирони бозрасиии автомобилӣ «иҷозат» аст, балки онҳо ҳамчунин «ҳақ доранд», беибо, дар ҳолатҳои зарурат гапҳои дурўғ ҳам бофта бароранд».
Гўё суханони дили Файзуллоро шунида бошад, ҳангоме ки пасо пеш бо зинаҳои роҳрави иморат боло мебаромаданд, Зумуррад гуфт:
-Шояд аз дурўғ гуфтани ман сахт ҳайрон шудӣ, Файзуллоҷон. Ин хислатро аз корчаллонҳои замони муосир омўхтаам. Онҳо мегўянд, ҳар касе, ки баъзан ба манфиати кор, барои хизмати шахсони дигар ва ҷамъият дурўғ ба забон меорад, бештар ҳақ асту камтар ноҳақ.
-Не, чаро? Шумо ҳақед, апаи Зумуррад,-рўи хотир карда гуфт Файзулло, дар ҳоле ки саросемаю бошитоб аз зинапояе ба зинапояи дигар ҷаҳида, кўшиш мекард ба ҳамсўҳбаташ расида гирад.-Охир, ин корро Шумо бо хоҳиши тағоям, ба хотири акои Аскар мекунед-ку!

пешина
аз 208
навбатӣ